Jump to content

Салимшо Ҳалимшо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салимшо Ҳалимшо
Таърихи таваллуд: 16 феврал 1936(1936-02-16)
Зодгоҳ: ноҳияи Шуғнон
Таърихи даргузашт: 15 июн 2021(2021-06-15) (85 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир

Салимшо Ҳалимшо (16 феврали 1936, деҳаи Ривак, ноҳияи Шуғнон, ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон — 15 июни 2021, Тоҷикистон) — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1965).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омада, маълумоти миёнаи ҳамагониро дар шаҳри Хоруғ фаро гирифтааст. Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960—1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982—1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989—1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри мозӣ вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Роҳи қуллаҳо» (1965) ва «Киштии Инқилоб» (1960) сазовори истиқболи гарми хонандагон шудааст.

Ашъори дар маҷмӯаҳои «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) интишорёфта, драмаи «Кабутарони сафед» ва ғ. шоир лавҳаю лаҳзаҳои рангину пурифтихореро аз озодманишиву некандешӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, давлатсолорию ватандорӣ, покизарӯзгорию ҷавонмардии ниёконамон ҷилвагар месозанд ва хонандаро аз ҳиммати баланду таҷрибаи рӯзгори шарафманди эшон бархурдору баҳрабардор менамояд.

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.

Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ ёфтаанд.

Салимшо Ҳалимшо 15 июни соли 2021 дар синни 85-солагӣ даргузашт[1].

  1. Sputnik Тоҷикистон. Шоир ва донишманди тоҷик, Салимшо Ҳалимшо даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (15 июни 2021). 15 июни 2021 санҷида шуд.