Jump to content

Салим Мирзоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салим Мирзоев
Салим Саидалиевич Мирзоев
Таърихи таваллуд 26 март 1942(1942-03-26) (82 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Шӯрообод
Маҳалли даргузашт Кӯлоб
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Салим Саидалиевич Мирзоев (26.03.1942, деҳаи Диҳои н. Шӯрообод) — олим, доктори илмҳои педагогӣ (2011), профессор (2012).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Салим Саидалиевич Мирзоев бахши биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров соли 1965 ба итмом расонда, дар макотиби миёнаи н. Ҳамадонӣ ва Омӯзишгоҳи тиббии ш. Кӯлоб дарс додааст. Аз соли 1968 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб заҳмат кашида, вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаю психология (1968-1989), мудири кафедраи биология (1990-1996), декани факултаи химия ва биология (1996-2007), мудири кафедраи биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,(2007-2012) иҷро намудааст. Аз соли 2012 профессори кафедраи биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мебошад. Оид ба анатомия, физиология ва гигиенаи мактабӣ, асосҳои биохимия, ситология, генетика ва ғайра қариб 300 таълифот аз даст баровардааст. Бо медали «Барои меҳнати шоён» қадр шудааст.

  • Ситология бо асосҳои биохимия. – Д., 2012;
  • Активизатсия познавательных интересов ӯ учащихся. – Куляб, 1994;
  • Методикаи гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ аз фанни анатомия, физиология ва гигиенаи мактабӣ. – Д.,1991;
  • Мубориза ба муқобили майпарастӣ ва нашъамандӣ. – Кӯлоб, 1991;
  • Маҳфили натуралистони ҷавон. – Кӯлоб, 1993;
  • Тарбияи экологии хонандагони синфҳои V-XI. – Кӯлоб, 1995;
  • Луғати мухтасари генетики. – Д., 1993;
  • Проблема формирования познавательных интересов ӯ учащихся V-XI классов при изучении биологии. – Д., 2011;
  • Афкори экологӣ дар ташкилёбии ҳиссиёти табиатдӯстии хонандагон. – Д., 2006;
  • Об муъҷизаи асрорангез. – Д., 2003;
  • Асосҳои анатомия ва физиологияи синнусолӣ. – Д., 2014;
  • Гигиенаи мактабӣ. – Д., 2014;
  • Феҳрасти истилоҳотҳои географӣ ва экологӣ. – Д., 2014;
  • Луғати мухтасари экологӣ. – Д., 2014.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 345.