Саломат Хайруллоева
Саломат Эргашевна Хайруллоева | |
Таърихи таваллуд | 11 август 1960 |
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Пеша | олим |
Саломат Эргашевна Хайруллоева (11.08.1960, Душанбе), китобдор. «Аълочии фарҳанги ҶТ» (2000), «Аълочии тандурустии ҶТ» (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми мак. миёнаи №7 Душанбе (1977), дар ИСТ (ҳоло – ДФСТ ба номи М. Турсунзода) таҳсил кардааст (1977-81). Китобдори шуъбаи нигоҳдории фонд (1976-1977), китобдори калони шуъбаи хидматрасонӣ (1981), китобдори калон ва муҳар. калони шуъбаи коркарди адаб. Китобхонаи давл. ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1981-1984), С. 1984 – муовин ва аз соли 1985 – мудири китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2002-2003) буд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаммуаллифи китобҳои раҳнамои «Диссертации учёных Таджикистана по медицине» (Д., 2000), «Библиографический указатель диссертаций учёных Таджикистана по медицине» (1938-2000гг., Д., 2004).
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С. 169 ISBN 978-99947-958-2-6