Самоии Марвазӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Cамоии Марвазӣ (форсӣ: سمایی مروزی), Ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ (форсӣ: محمود بن علی; Марв — қарни XII) — шоири форс-тоҷики дарбори Санҷари Салҷуқӣ, ҳамдавра бо Анварӣ ва аз дӯстони Адиб Собир.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Марв. Дар ҳамон ҷо таҳсил кардааст. Самоии Марвазӣ дар назму наср устоди баркамол буда, табъу қудрати баланди суханварӣ доштааст. Бино ба гуфтаи Авфӣ («Лубобу-л-албоб») — «Ғазалҳои обдори ӯ тоб дар дили ушшоқ меовард ва назми обдори ӯ дар дили арбоби санъат мезад ва шеъри ӯ чун зумурради асфар ва ёқути аҳмар азиз ва камёб аст». Аз ашъори ӯ ба воситаи «Лубобу-л-албоб» то ба мо ҳафт ғазалу чор рубоӣ расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Самоии Марвазӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).