Самъиддин Ҷоматов
Самъиддин Салоҳиддинович Ҷоматов | |
Таърихи таваллуд | 22 октябр 1974 (50 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Самъиддин Салоҳиддинович Ҷоматов (тав. 22.10.1974, деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (2006), дотсент (2008).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1992 шуъбаи нашри газетаву маҷаллаи Омӯзишгоҳи касбӣ - техникии № 43 шаҳри Душанбе ва соли 1997 факултети филологияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Солҳои 1994–1998 муаллими забони англисии мактаби №8 шаҳри Душанбе, 1999– 2004 аспирант ва ассистенти кафедраи типологияи муқоисавӣ ва забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Соли 2003 ба муддати 3 моҳ дар Донишкадаи миллии банақшагирӣ ва роҳбарияти Ҳиндустон таҳсил намуда, соҳиби Дипломи байналмилалӣ оид ба банақшагирӣ ва роҳбарият дар соҳаи маориф гардидааст. Солҳои 2003–2008 муаллими калони кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносии донишгоҳи омӯзгорӣ ва ҳамзамон муовини декан оид ба корҳои илмӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ буд. Аз соли 2008 то ба имрӯз дар вазифаи дотсент ва мудири кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ, як фарҳанги бисёрзабона ва якчанд барномаҳои таълимӣ мебошад, ки ба ҷанбаҳои мухталифи муқоисавии забонҳо ва методикаи таълими забони ангилисӣ бахшида шудаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Англо-таджикско-русско-французско-немецкий словарь ирригационных терминов, Д., 2006;
- Хусусиятҳои фарқкунандаи калимаҳои забони англисии Амрико ва Бритониё // Маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавон бо номи «Ҷавонон ва ҷаҳони андеша», Д., 2003;
- Language policy in Tajikistan and its impact to Tajik State Pedagogical University, Д., 2003;
- Роль и место заимствованных слов в английском языке среднего периода // Ҷавонон ва ҷаҳони андеша, Д., 2004;
- Основные способы образования таджикских ирригационных терминов // Вестник Педуниверститета, Д., 2005, №2;
- О роли собственных существительных в обогащение словарного состава английского языка // Вестник Педуниверститета, Д., 2009, № 2;
- Роль префиксов co-, counter-, circum-, trans-, inter- в словообразовании английского языка // В сб.: Актуальные проблемы филологии, Д., 2010
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 22 октябр
- Зодагони соли 1974
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ