Jump to content

Санавбарбону Воҳидова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Санавбарбону Воҳидова
Таърихи таваллуд 25 феврал 1959(1959-02-25) (65 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти педагогии шаҳри Маскав

Санавбарбону Воҳидова (25 феврали 1956, Хуҷанд) — доктори илми таърих (2010), профессор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи романиву олмонии Институти педагогии шаҳри Маскавро соли 1978 хатм карда, фаъолияташ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон шурӯъ шуд, чун ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ кор кард. Соли 1983 дар марказҳои шарқшиносии Олмон ҳамчун коромӯз маҳорати таҳқиқотиашро такмил бахшидааст, 1987—1988 дар Институти шарқшиносии АИ СССР донишашро баланд бардошта, 1993—2000 дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва муносибатҳои байналмилалии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Аз соли 2001 боз ба Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон баргашта, то кунун фаъолияти илмӣ — таҳқиқотиашро давом медиҳад. Меҳвари аслии пажӯҳишашро масоили таърихнигорӣ дар эроншиносии Олмон, тамаддуни форсзабонон аз нигоҳи олимони немисзабони Аврупо ташкил медиҳад, инчуни перомуни таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ, эроншиносӣ, тоҷикшиносӣ ва ғайра мақолаҳои зиёд навиштааст. Забонҳои олмонӣ, англисӣ ва русиро хуб медонад ва дар бисёр кунгураҳои байналмилалӣ ҳамчун муҳаққиқ ва тарҷумон иштирок доштааст.

  • Иранистика и таджиковедение в Германии: XVІІІ-XX вв. — Д., 2001;
  • Нақши занон дар рушди илму фарҳанг. — Д., 2006;
  • Иранистика и таджиковедение в немецкоязычной историографии: XV — начало XXІ вв.: Дисс…доктора историч. наук. — Д., 2010.
  • Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар пажӯҳиши ховаршиносии аврупоӣ (асрҳои XVIII—XXI). — Д., 2015. ва диг.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 126.