Санадҳои Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва раиси он

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Санадҳои Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва раиси он - дар асоси талаботи қонунгузорӣ Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва раисони онҳо қарор қабул мекунанд ва инчунин амрҳо медиҳанд. Санадҳои Маҷлиси вакилон аз лаҳзаи ба имзо расидан, агар дар худи санад тартиби дигар муқаррар карда нашуда бошад, эътибор пайдо карда, ба маълумоти корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон расонида мешавад. Санадҳои Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва раиси он, ки дар доираи салоҳияташон қабул шуда, барои иҷро аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои воқеӣ дар ҳудуди ҳокимиятдории худ, сарфи назар аз мансубияти идоравиашон, аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошанд. Дар сурати бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ набуданашон онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ ё суд бекор карда мешаванд (моддаи 10 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо»).[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Санадҳо

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 411