Хазинаи байналмилалии асъор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сандуқи байналмилалии пул)
Хазинаи байналмилалии асъор
Маркази маъмурӣ
Намуди созмон international financial institution[d] ва specialized agency of the United Nations[d]
Официальные языки инглисӣ
Санаи таъсис июли 1944[1]
Число сотрудников
Материнская организация Созмони Милали Муттаҳид
Веб-сайт imf.org
 Парвандаҳо дар Викианбор

Хазинаи байналмилалии асъор, (ХБА) (англ. International Monetary Fund, IMF) — созмони байналмилалӣ, ки бар иҷрои сомонаи пули байналмилалӣ назорат дорад. Хазинаи байналмилалии асъор, яке аз мӯътабартарин манобеъи арзёбӣ ва пешбинии вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Тарҳи бунёдгузории хазинаи асъор дар Конфронси Бреттун-Вудз дар июли 1944, ки сохтори иқтисодии ҷаҳон пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум шакл гирифт ба вуҷуд омад ва дар 27 декабри 1945 ба кор оғоз кард[3]. Ҳадаф аз ташкили хазина иборат аст аз:

  • густариши ҳамкориҳои пули байналмилалӣ ва тасҳили рушди мутавозини тиҷорати байналмилал;
  • эҷоди сомонаи босуботи арзӣ байни аъзо ва парҳез аз рақобат дар коҳиши нархи арзҳо;
  • таҳияи манобеъи лозим аз тариқи манобеъи умумии хазина, ба манзури кумак ба кишварҳои узви дорои касри тарози пардохтҳо.

Хазинаи байналмилалии асъор, зери назари Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоъии Созмони Милали Муттаҳид кор мекунад. Аммо дар асл, созмон мустақил аст ва ин робита, бештар, ташрифотӣ аст. Мудирияти Хазинаи байналмилалии асъор аз сентябри 2019 бар уҳдаи Кристалина Георгиева аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]