Хазинаи байналмилалии асъор
Хазинаи байналмилалии асъор | |
|---|---|
| | |
| | |
| Маркази маъмурӣ | |
| Нишонӣ | |
| Намуди созмон | international financial institution[d] ва specialized agency of the United Nations[d] |
| Забонҳои расмӣ | инглисӣ |
| Роҳбарон | |
| Таъсис | |
| Санаи таъсис | 22 июл 1944[3] |
| Барҳамхурӣ | |
| Маълумотҳои дигар | |
| Шумораи кормандон | |
| Созмони асосӣ | Созмони Милали Муттаҳид |
| Вебгоҳ | imf.org |
Хазинаи байналмилалии асъор, (ХБА) (англ. International Monetary Fund, IMF) — созмони байналмилалӣ, ки бар иҷрои сомонаи пули байналмилалӣ назорат дорад. Хазинаи байналмилалии асъор, яке аз мӯътабартарин манобеъи арзёбӣ ва пешбинии вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Тарҳи бунёдгузории хазинаи асъор дар Конфронси Бреттун-Вудз дар июли 1944, ки сохтори иқтисодии ҷаҳон пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум шакл гирифт ба вуҷуд омад ва дар 27 декабри 1945 ба кор оғоз кард[5]. Ҳадаф аз ташкили хазина иборат аст аз:
- густариши ҳамкориҳои пули байналмилалӣ ва тасҳили рушди мутавозини тиҷорати байналмилал;
- эҷоди сомонаи босуботи арзӣ байни аъзо ва парҳез аз рақобат дар коҳиши нархи арзҳо;
- таҳияи манобеъи лозим аз тариқи манобеъи умумии хазина, ба манзури кумак ба кишварҳои узви дорои касри тарози пардохтҳо.
Аъзоёни ХБА
[вироиш | вироиши манбаъ]Хазинаи байналмилалии асъор — 190 аъзо дорад (189 узви СММ + Ҷумҳурии Косово)[6][7]
Ба аъзои собиқ Куба, ки соли 1964 аз ХБА хориҷ шуд[8] ва Ҷумҳурии Чин (Тайван), ки дар соли 1980 пас аз маҳрум шудан аз пуштибонии президенти вақти ИМА Ҷимми Картер дар СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин иваз карда шуд.[9] Илова ба Куба, шаш кишвари дигари узви СММ узви ХБА нестанд: Кореяи Шимолӣ, Андорра, Монако, Лихтенштейн, Науру ва Судони Ҷанубӣ. Ҷазираҳои Кук, Ниуэ, Вотикон ва дигар давлатҳои эътирофашон маҳдуд низ узви ХБА нестанд.
Ҳама давлатҳои аъзо бевосита дар ХБА иштирок мекунанд. Кишварҳои узвро 24 узви Шӯрои директорон намояндагӣ мекунанд (панҷ директори иҷроия аз ҷониби панҷ аъзо бо квотаҳои калон таъин карда мешаванд, нуздаҳ директори иҷроияи боқимонда аз ҷониби дигар аъзоён интихоб мешаванд) ва ҳамаи аъзоён Директори иҷроияро Шӯрои мудирони ХБА таъин мекунанд.Хазинаи байналмилалии асъор, зери назари Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоъии Созмони Милали Муттаҳид кор мекунад. Аммо дар асл, созмон мустақил аст ва ин робита, бештар, ташрифотӣ аст. Мудирияти Хазинаи байналмилалии асъор аз сентябри 2019 бар уҳдаи Кристалина Георгиева аст.
Нуфузи кишварҳои дигар дар дохили созмон аз рӯи шумораи аҳолӣ ва рейтинги иқтисодии онҳо дар ҷаҳон ташаккул меёбад.
Дахолати асъории ХБА
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1994: Мексика; Бӯҳрони иқтисодӣ дар Мексика — 18 миллиард доллар.
- 1997: Осиё; Бӯҳрони молиявии Осиё — 36 миллиард доллар.
- 1998: Федератсияи Русия; Дефолти Русия дар соли 1998 — 22,6 миллиард доллар.
- 1998: Бразилия; — 41,5 миллиард доллар.
- 2000: Туркия; — 11 миллиард доллар.
- 2001: Аргентина; Бӯҳрони иқтисодии Аргентина — 21,6 миллиард доллар.
- 2010: Юнон; Бӯҳрони қарзии Юнон — 139,73 миллиард доллар.
- 2011: Португалия; Бӯҳрони молиявӣ дар Португалия — 99,08 миллиард доллар.
- 2018: Аргентина; — 57,1 миллиард доллар.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Global Research Identifier Database (ингл.) — 2015.
- ↑ (unspecified title)
- ↑ https://www.imf.org/external/np/exr/chron/chron.asp
- ↑ https://www.imf.org/external/pubs/ft/ar/2022/downloads/web-tables.pdf
- ↑ The IMF at a Glance. IMF.org.
- ↑ Republic of Kosovo is now officially a member of the IMF and the World Bank. The Kosovo Times (29 июни 2009). — «Kosovo signed the Articles of Agreement of the International Monetary Fund (IMF) and the International Bank for Reconstruction and Development (the World Bank) on behalf of Kosovo at the State Department in Washington.» 29 июни 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 июни 2013.
- ↑ "Kosovo Becomes the International Monetary Fund’s 186th Member" (Press release). International Monetary Fund. 2009-06-29. Archived from the original on 5 липня 2009. Retrieved 2009-06-29. Check date values in:
|archive-date=(help) - ↑ Brazil calls for Cuba to be allowed into IMF. Caribbean Net News (27 апрели 2009). — «Cuba was a member of the IMF until 1964, when it left under revolutionary leader Fidel Castro following his confrontation with the United States.» 7 май 2009 санҷида шуд.Шаблон:Недоступне посилання
- ↑ Andrews, Nick, Bob Davis. Kosovo Wins Acceptance to IMF, The Wall Street Journal (7 май 2009). Проверено 7 май 2009. «Taiwan was booted out of the IMF in 1980 when China was admitted, and it hasn't applied to return since.».
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Созмонҳо аз рӯи алифбо
- Созмонҳои таъсисёфта дар соли 1944
- Википедия:Ширкатҳо бе нишон додани координатҳои ҷуғрофӣ
- Хазинаи байналмилалии асъор
- Ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ