Саодат Амиршоева
Саодат Амиршоева | |
|---|---|
| 2008 — 2015 | |
|
|
|
| Таваллуд |
10 ноябри 1953 деҳаи Парнакӣ, ноҳияи Ховалинг |
| Даргузашт |
14 январи 2026 Бохтар |
| Ном ҳангоми таваллуд | Саодат Сангалиевна Амиршоева |
| Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
| Пеша |
|
| Фаъолият | фаъолияти давлатӣ ва ҳуқуқӣ |
| Ҷоизаҳо |
|
| Хизмати ҳарбӣ | |
| Мансубият | Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Рутба | мушовири давлатии адлияи дараҷаи III |
| Фаъолияти илмӣ | |
| Фазои илмӣ | ҳуқуқ |
| Ҷойҳои кор | Идораи адлияи вилояти Хатлон; Маҷлиси намояндагон |
| Маъруф ба | аввалин генералзани Тоҷикистон |
Саодат Амиршоева (Амиршоева Саодат Сангалиевна; тав. 10 ноябри 1953, деҳаи Парнакӣ, ноҳияи Ховалинг — ваф. 14 январи 2026, Бохтар) — ҳуқуқшинос, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон, аввалин зане, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мартабаи генералӣ расидааст. Соли 1999 ба унвони мушовири давлатии адлияи дараҷаи III (муодили рутбаи генералӣ) сарфароз гардидааст. Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саодат Амиршоева соли 1953 дар деҳаи Парнакӣ, ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Соли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон-ро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи нотариат оғоз намуда, солҳои 1972–1975 ҳамчун нотариуси давлатии Идораи 2-юми нотариалии шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Солҳои 1975–1985 сарнотариуси Идораи 1-уми нотариалии шаҳри Кӯлоб буд. Минбаъд дар вазифаҳои судяи суди халқии шаҳри Кӯлоб (1987–1993) ва сардори идораи адлияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (1993–2008) кор кардааст.
Соли 1999 ба Саодат Амиршоева унвони мушовири давлатии адлияи дараҷаи III дода шуд, ки ба рутбаи генералӣ баробар мебошад. Бо ин унвон ӯ аввалин зани тоҷик гардид, ки дар давраи истиқлоли давлатӣ ба чунин мартаба расидааст.
Фаъолияти сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2008 то 1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар фаъолияти парлумонӣ ҳамчун узви кумитаи мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният фаъолона ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон ва такмили қонунгузориро матраҳ мекард.[1]
Ӯ бо мавқеъгирии худ дар масъалаи манъи издивоҷҳои хешутаборӣ, танқиди санҷиши бокорати духтарон ва зарурати тарбияи ватандӯстии ҷавонон маъруф буд.
Фаъолияти баъдӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз анҷоми фаъолияти вакилӣ, Саодат Амиршоева зиёрати ҳаҷ анҷом дода, аз соли 2015 дар шаҳри Бохтар ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуд. Ӯ ба шаҳрвандон кумаки ҳуқуқӣ мерасонд ва дар солҳои охир бинобар синну сол ва вазъи саломатӣ асосан ба машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ машғул буд[2].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Саодат Амиршоева 14 январи 2026 дар синни 72-солагӣ дар шаҳри Бохтар даргузашт. Хабари даргузашти ӯ аз ҷониби расонаҳои мустақили кишвар нашр гардид.[3]
Мукофотҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Нишони Фахрӣ»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Саодат Амиршоева: "Уйду из парламента, но домохозяйкой не стану".(рус.). Радио Озоди (17 феврали 2015). 23 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik Таджикистан. Бывший депутат Саодат Амиршоева перешла в адвокатуру(рус.). Sputnik Таджикистан (20150929T1053+0500). 23 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Скончалась первая женщина-генерал независимого Таджикистана Саодат Амиршоева(рус.). Asia-Plus (14 Январ 2026).
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амиршоева Саодат // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Саодат Амиршоева: «Уйду из парламента, но домохозяйкой не стану»(рус.). Радиои Озодӣ (17 феврали 2015).
- Саодат Амиршоева сменила поле деятельности(рус.). Sputnik Тоҷикистон (29 сентябри 2015).
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бе тасвир дар Викианбор
- Зодагони соли 1953
- Даргузаштагони соли 2026
- Ҳуқуқшиносони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси намояндагон
- Занони сиёсатмадори Тоҷикистон