Jump to content

Саодат Кенҷаева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саодат Кенҷаева
Таърихи таваллуд 20 май 1937(1937-05-20)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 29 июл 2017(2017-07-29)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар
Пеша муаллима

Саодат Кенҷаева (20 майи 1937, Сталинобод — 29 июли 2017, Душанбе) — омӯзгор. «Аълочии маорифи Тоҷикистон».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саодат Кенҷаева 20 майи 1937 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Пас аз хатми мак. миёнаи № 7 шаҳри Сталинобод дар факултаи химияву биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст (1956-61). Муҳаррири хурди Нашр. Давл. Тоҷикистон (ҳоло — «Ирфон», 1961-62), муаллими мактаби миёнаи № 7, шаҳри Душанбе (1963-66), дир. мак. ҳаштсолаи № 11 д. Галахонаи ҷамоати Лоҳури н. Ленин (ҳоло — Рӯдакӣ, 1967-68), директори мактаби ҳаштсолаи № 44 (1969-70), директори мактаби миёнаи № 61 (1971-76), директори мактаби миёнаи № 200 (1977-79), омӯзгори фанни химияву биол. мактаби ҳаштсолаи д. Харангони н. Ленин (1979-84). 6 маротиба депутати Совети меҳнаткашони н. Ленин интихоб шудааст. Дар замони директори мак. миёнаи № 200-уми н. Ленин буданаш ин мактаб бо ҷаҳду ҷадалаш ба мактаби намунавӣ табдил ёфта буд. Дар мактаб таълим ба се заб. — тоҷ., ӯзб. ва русӣ ба роҳ монда шуд. Дар бобати ба мактаб ҷалб намудани духтарони маҳаллӣ ба ҳар ҳавлии д.-ҳои атроф на як бору ду бор сар халондааст. Намояндагони маорифӣ марказ (Москва)-ро барои тафтиш ағлаб ба ин мактаб меоварданд. Мактаби намунавӣ гашта саъю кӯшиш ва талошҳои директори мактаб бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Ветерани меҳнат» ва чандин Грам. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.