Jump to content

Саолибии Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саолибии Нишопурӣ
ар. عبد الملك بن مُحمَّد بن إسماعيل الثعالبي
Таърихи таваллуд 961[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1038[1]
Фазои илмӣ ҷуғрофиё ва филология

Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоил Нишопурии Саъолибӣ (форсӣ: ابومنصور عبدالملک ثعالبی‎; 961[1], Нишопур1038[1]) — донишманди маъруфи арабизабони эронитабори охири аҳди Сомониён, муаллифи «Ятимату-д-даҳр».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Нишопур таҳсил кардааст. Азбаски ба савдои пӯсти рӯбоҳ машғул шуда буд, ӯро Саолибӣ (саолиб ҷамъи саълаб, ки ба арабӣ рӯбоҳ аст) гуфтаанд.

Саолибӣ бо роҳи тиҷорат ба нимҷазираи Арабистон, Испания, Ироқ, Хуросону Мовароуннаҳр ва Хоразм сафар карда, дар ин ҷойҳо дониши худро тақмил додааст. Аз ашъори Саолибӣ, ки ба забони арабист, 23 байт боқист. Саолибӣ бештар чун муаррих ва адабиётшинос машҳур аст. Ӯ зиёда аз 50 асар навиштааст, ки машҳуртаринашон «Ятимату-д-даҳр», «Ғурар ахбор мулук ал-фурс ва сияруҳум» («Беҳтарин ахбор одар мавриди шоҳони форс ва саргузашти онҳо»; номи дигар «Шоҳнома»-и Саолибӣ мебошанд.

  1. Jump up to: 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.