Jump to content

Сафармурод Ниёзов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сапармурат Ниёзов)
Сафармурод Атаевич Ниёзов
туркманӣ: Saparmyrat Ataýewiç Nyýazow
Сафармурод Ниёзов соли 1998
Сафармурод Ниёзов соли 1998
16 декабри 1991 — 21 декабри 2006
Ҷонишин Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркманистон
21 декабри 1985 — 16 декабри 1991

Таваллуд 19 феврал 1940(1940-02-19)
Даргузашт 21 декабр 2006(2006-12-21) (66 сол)
Даргузашт Ишқобод, Туркманистон
Мадфан
Падар Atamyrat Nyýazow[d]
Модар Gurbansoltan Eje[d]
Ҳамсар Muza Niýazowa[d]
Фарзандон Му́за Алексе́евна Ния́зова
Ҳизб Ҳизби коммунисти Туркманистон, Ҳизби демократии Туркманистон
Таҳсилот
Касб муҳандис
Фаъолият сиёсат ва сиёсатмадор
Эътиқод Ислом, суннӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Навъи артиш Armed Forces of Turkmenistan[d]
Рутба Генералиссимус ва supreme commander[d]
Фармондеҳӣ Armed Forces of Turkmenistan[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сафармурод Ниёзов (туркманӣ: Saparmyrat Ataýewiç Nyýazow) (19 феврали 194021 декабри 2006) – раҳбари Туркманистон аз соли 1985 то соли 2006.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафармурод Ниёзов 19 феврали соли 1940 дар рустои Қипчоқ наздики шаҳри Ишқобод зода шудааст. Падараш дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва модару ду бародараш дар зилзилаи соли 1948 ҳалок гардидаанд. Сафармурод Ниёзов дар парастишгоҳи ятимон таълиму тарбия гирифтааст. Фаъолияти кории худро пас аз хатми мактаби миёна соли 1959 ҳамчун коргари одӣ оғоз намуд. Вай дар Донишгоҳи энегетикии Маскав ва Донишгоҳи политехникии Ленинград таҳсил кардааст. Моҳи декабри соли 1985 котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркманистон интихоб шуд.

Вакили анҷуманҳои XXVI (1981), XXVII (1986), XXVIII (1990) ва конференсияи XIX ҲКИШ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (1988). Вакили Халқии ИҶШС. Узви ШО ИҶШС.

Ниёзов пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Раиси Ҷумҳурии Туркманистон интихоб шуд ва дар ин симат до дами маргаш монд. Дар замони раёсаташ ӯро Туркманбошӣ, Сардор, Ҳамешабузург Сафармурод Ниёзов ва Пешсафи ҳамаи Туркманҳо[4], бунёдгузор ва сарвари Ассотсиатсияи Туркаманҳои Ҷаҳон низ меномиданд.

Моҳи декабри соли 1999 Шӯрои мардумии Туркманистон Сафармурод Ниёзовро раиси ҷумҳури якумра таъйин карда буд, аммо Ниёзов гуфта буд, ки соли 2008 ба ҳар ҳол интихоботи раиси ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.[5]

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафармурод Ниёзов аз соли 1985 то 2006 Туркманистонро раҳбарӣ мекард ва тайи ин солҳо дар саросари он кишвар садҳо ҳайкал ва нимпайкараи ӯ гузошта шудааст. Бузургтарин пайкараи зарандуди Ниёзовро, ки соли 1998 дар майдони марказии шаҳри Ишқобод насб шуда буд, соли 2011 канда, ба макони дигар интиқол доданд. Тибқи иттилои расмӣ, барои интиқоли пайкараи тилоии Ниёзов ба макони дигар аз будҷаи давлат 50 миллион доллар харҷ шудааст.[6]

Пайкараи тилокории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд.(Боз ҳайкали тилоии президентро канданд 24.07.2017| бештар... Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017  сол.)