Jump to content

Сарват Беҳбудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сарват Беҳбудӣ
Таърихи таваллуд: 13 декабр 1945(1945-12-13) (78 сол)
Зодгоҳ:
Касб: омӯзгор
Театр Московский цирк Никулина на Цветном бульваре
Театр зверей имени Дурова
Ҷоизаҳо:
Ордени Шараф
Уголок дедушки Дурова

Беҳбудӣ Сарват Мидҳатович (тав. 5 июни 1945, Тошканд) — човандоз, жонглёр, ромгар ва коргардони сирк. Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1972), Артисти халқии РСФСР (1989).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оилаи ҳунармандони сирк ба воя расидааст. Аз соли 1958 ба сирк омада, аввал дар ҳайати трио – ҳамроҳи модараш Лола ва тағояш Лавар Хоҷаев ҳунарнамоӣ мекард. Аз соли 1962 ҳамчун жонглёри човандоз мустақилона баромад мекунад. Беҳбудӣ ромгари хуб низ буда, аз соли 1972 бо ҳайвоноти гуногун (асп, фил, заррофа, каркадани сафеди африқоӣ, маймуни шимпанзе, бабр) намоишҳо нишон медиҳад. Беҳбудӣ дар Россия ягона ромгарест, ки дар як вақт дар манеж бо 12 асп (6 аспи сафед ва 6 аспи сиёҳ) ҳунарнамоӣ кардааст. Барномаҳои Беҳбудӣ аз композитсияҳои мураккаб (дар асп чапа нишаста 6 –7 ҳалқа, 5–7 саққоро бозӣ медоронд, ҳангоми дави асп дар болои он рост истода тӯбро дар тӯбнигоҳдораки махсус мувозӣ нигоҳ медошт, чархзаниҳои гуногунро иҷро мекард ва ғайра) иборат буда, диққатангез ва муассиранд. Беҳбудӣ тамошобинонро бо завқи табиӣ, чолокона ва моҳирона иҷро кардани этюдҳои акробатии ногаҳонӣ ба ҳайрат мегузошт. Аз корҳои режиссёрии Беҳбудӣ барномаи «Ҳодисоти солинавӣ» (дар сирки шаҳрҳои Иваново, Донеск, Лвов ва ғ. намоиш додааст) хеле ҷолиб буд. Соли 1980 Беҳбудӣ бо атраксиони нав – филҳои ромшудаи ҳиндию африқоӣ, ки ба Бозиҳои 20-уми олимпӣ бахшида шуда буд, дар бинои Сирки Маскав баромад кард. Барномаҳои дигари таҳиякардаи ӯ бо зар-рофа ва каркадани сафеди африқоӣ (ба шарафи 100-солагии Сирки Маскав), «Бабрҳои сафед» (ба муносибати 850-солагии Маскав), «Озодии аспҳо» (ба муносибати 125-солагии сирки Маскав) низ намоишномаҳои нодиранд.

Беҳбудӣ дорандаи ҷоизаи Конкурси умумииттифоқии санъати сирк «Барои беҳтарин барнома ва атраксион» (1977), «Ҷоизаи матбуот»-и Фестивали байналхалқӣ дар Монте-Карло (1992, барои ромкунии бабрҳо) мебошад. Ба ИМА, Олмон, Канада, Руминия, Чехословакия, Полша, Белгия, Финляндия, Булғория, Австрия), Зелландияи Нав, Ҳолландия (1979), Югославия (1981) сафари ҳунарӣ кардааст. Мусоҳими доимии Беҳбудӣ ҳамсараш Олга Николаевна мебошад, ки ҳамроҳи шавҳараш барандаи Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ ва Конкурси умумииттифоқӣ шудааст. Аз соли 2008 дар ҶХХ кор мекунад.