Сарой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳаи Сарой
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Мискинобод
Аҳолӣ 2253 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 247

Саройдеҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 31 км. Аҳолиаш 2253 нафар (2010), тоҷикон. Аз 247 хоҷагӣ иборат аст. Дар сари роҳи Файзобод - Роғун воқеъ гардидааст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, 28 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 3 мағоза, чойхонаи ҷамъиятӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.