Сарояндаи пасикадрӣ
Сароянда пасикадрӣ - овозхоне мебошад, ки сурудҳое барои филм истифода мешаванд, пешакӣ иҷро ва таҳия мекунад. Сурудҳое, ки сарояндаи пасикадрӣ иҷро мекунад ҳангоми банаворгирии филм ҳунарпеша дар назди дурбини банаворгирӣ бо фанаграма иҷро мекунад. Чунин сарояндаҳо дар филм ба навор гирифта намешаванд.
Овозхонҳои пасикадрии Осиё Ҷанубӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Иҷрои пасикадрӣ бештар дар филмҳои Осиёи Ҷанубӣ, алахусус дар нимҷазираи Ҳиндустон маъруф аст. Дар филмҳои ҳиндӣ ва инчунин филмҳои Покистон одатан 5-7 суруд сароида мешавад. Бори аввал пас аз пайдо шудани овоз дар синамои Ҳиндустон сурудҳоро худи ҳунармандон иҷро мекарданд, аммо пас аз азхуд кардани технологияи дубляж, намоиш ба мутахассисон супорида шуд. Дар ҳоли ҳозир овозхонҳои маъруфи Ҳиндустон мақоми маъруфияти ҳунармандонро доранд. Сурудҳо дар филмҳои ҳиндӣ - маҳсули суруднависон, оҳангсозон ва сарояндагон буда аксар вақт муваффақияти филмҳои инфиродиро муайян мекунанд. Саундтрекҳо одатан пеш аз худи филмҳо бароварда мешаванд. Сарояндагони пасикадрӣ як бахши муҳими соҳаи синамои Ҳиндустон мебошанд.
Аксарияти овозхонҳои пасикадрӣ аслан дар соҳаи мусиқии классикии ҳинд омӯзонида шудаанд, аммо баъдтар репертуари худро васеъ мекунанд[1]. Бонуфузтарин сарояндагони пасикадрии Осиёи Ҷанубӣ Муҳаммад Рафӣ ва Аҳмад Рушдӣ, ба ҳисоб мераванд[2][3][4]. Ҳоҳарон Лата Мангешкар ва Аша Бҳосле, ки дар филмҳои ҳиндӣ кор мекунанд, оншо ба ҳайси ду овозхони пасикадрии машҳуртарин ва сермаҳсултарини Ҳиндустон ном бурда мешаванд[5][6][7][8]. Соли 1974 Лата Мангешкар барои иҷрои шумораи максималии сурудҳо ба Китоби Рекордҳо шомил карда шуд, ки 25 ҳазор сурудро ташкил медод. Муҳаммад Рафӣ соли 1977, дар номаи худ ба Китоби рекордҳо изҳор дошт, ки сурудҳои ӯ зиёдтаранд. Соли 1991 шумораи воқеии сурудҳое, ки ҳарду сароянда то соли 1980 иҷро кардаанд (дар он вақт Рафӣ вафот карда буд) барои Мангешкар 4500 ва барои Рафӣ 4525 суруд муқаррар карда шуд[9]. Унвони пурсамартарин вокалист ба Аша Бҳосле барои иштирок дар сабти зиёда аз 11 ҳазор соло, дуэт ва композитсияҳо дар ҳамроҳии сурудхонии хор бо 20 забони ҳинду гузашт[10]. Як сарояндаи пасикадрии дигар, KJ Yesudas, ҳеч гоҳ аз ҷониби китоби Гиннес ҳамчун рекордсмени ин гурӯҳ сабти ном нашудааст, гарчанде ки ӯ 50 ҳазор суруд дорад[11].
Ба гурӯҳи овозхонҳои пасикадрии машҳур инҳо низ шомиланд: Бҳупен Ҳазарика, Мукеш, Манна Дей, Ҳеманта Мукҳерҷӣ, Маҳендра Капур, Кишор Кумар, Гита Датт, Анурадҳа Паудвал, С. П Баласубраманиам, К. Ш.Читра, С.Ҷанакӣ, Ванӣ Ҷаярам, Пулапака Сушила, Сварналатҳа, Алка Ягник, Кавита Кришнамуртӣ, Удит Нараян, Кумар Сану, Сону Нигам, К.К., Шаан, Ҳимеш Решаммия, Шрея Гҳошал, Сунидхӣ Чаухан.
Овозхонҳои маъруфи пасикадрии Покистон иборатанд аз: Шафқат Амонат Алӣ, Нозия Ҳасан, Аламгир, Меҳдӣ Ҳасан, Масъуд Рана, Аднон Самӣ, Нур Ҷаҳон, Ғулом Алӣ, Руна Лайло. Овозхонони пасикадрии муосир, ба монанди Роҳат Фотеҳ Алихон ва Отиф Аслам бо дӯстдорони мусиқӣ хеле маъмуланд ва дар тамоми ҷаҳон консертҳо баргузор намуда, маблағҳои калон ба даст овардаанд, дар ҳоле ки овозхонони гузашта Салим Раза, Мунир Ҳусейн ва Муҷиб Алам, ки иҷрокунандагони сурудҳои пасикадрии филмҳои Покистон дар солҳои 1950 ва 1960 буданд, дар камбизоатӣ зиндагӣ карда вафот намудаанд[12].
Баъзе овозхонҳои пасикадрӣ танҳо бо ин намуди кор фаъолият накардаанд. Масалан, Кишор Кумар, ки ба Бомбай барои овозхон шудан кӯчид, маҷбур буд, ки аз сабаби надоштани маълумоти мусиқӣ дар синамо ҳамчун ҳунарпеша ҳунарнамоӣ кунад[13]. Пас аз шинохта шудани истеъдоди сарояндагии ӯ, ӯ худаш ба сабти сурудҳо барои қаҳрамонҳояш шурӯъ кард[14]. Сону Нигам, Ҳимеш Решаммия ва Сукҳвиндер Сингҳ нахустнамоиши худро дар нақшҳои асосӣ бозиданд ва ҳамчун вокалистони пасикадрӣ машҳур гаштанд[15]. Овозхони покистонӣ Алӣ Зафар карераи худро дар Болливуд ҳамчун ҳунарпеша ва овозхони пасикадрӣ оғоз кардааст[16]. Дар баробари ин, дар солҳои охир тамоюли баръакс мушоҳида мешавад: ҳунарпешаҳо мустақилона ба иҷрои сурудҳо дар филмҳо шурӯъ мекунанд. Ҳамин тавр, дар соли 2014, Шрадҳа Капур суруди "Galliyan"-ро дар филми Ek Villain[17] ва Алия Бҳатт суруди "Sooha Saaha"-ро дар филми "Highway" сароиданд[18]. Дар байни ҳунарпешаҳои машҳури Ҳиндустон, ки ҳадди аққал як маротиба дар филмҳо бо садои худ суруд хондаанд инҳоянд: Амитабҳ Баччан, Шоҳруххон, Салмонхон, Амирхон, Акшай Кумар, Ритик Рошан, Фарҳан Ахтар ва Абҳай Деол[14].
Дар рушди камтар, вале ба таври васеъ, кори овозхонҳои пасикадрӣ дар синамо ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, алахусус, дар синамои Ҳонгконг солҳои 1950-1960 истифода мешуд, ки як қатор вокалқаҳрамонзанҳоро ҳунарманди маъруф Ҷинг Тинг, ҳунармандони мардро - Ҳонг Кёнг овоз додаанд.
Иҷрои пасикадрӣ дар Ҳолливуд
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҳолливуди муосир иҷрои пасикадрӣ ба таври васеъ истифода намешавад, зеро филмҳои мусиқӣ дар онҷо аксар вақт ба навор гирифта намешаванд. Аммо, он дар гузашта васеъ истифода мешуд. Овозхонҳои намоёни пасикадрӣ инҳоянд: Марни Никсон, Натали Вуд[19], Линдсей Риҷуэй, Клавдия Брукен, Бетти Нойз[20] ва дигарон.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Rajamani, Radhika. Realising a dream(англ.). The Hindu (17 February 2003). 22 июли 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июли 2003.
- ↑ Mohammed Rafi(англ.). BBC. 18 Декабри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Ahmed Rushdi, Remembering a legend(англ.). Dawn News. 28 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Декабри 2012.
- ↑ The Express Tribune, Remembering Ahmed Rushdi(англ.). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2010.
- ↑ Gangadhar, v. Only the best preferred(англ.). The Hindu (18 May 2001). 22 июли 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 августи 2003.
- ↑ Gulzar; Nihalani, Govind; Chatterji, Saibal. Encyclopaedia of Hindi Cinema. — Popular Prakashan, 2003. — С. 72—73. — ISBN 81-7991-066-0.
- ↑ Arnold, Alison. The Garland Encyclopedia of World Music. — Taylor & Francis, 2000. — С. 420—421. — ISBN 0-8240-4946-2.
- ↑ Yasmeen, Afshan. Music show to celebrate birthday of melody queen(англ.). The Hindu (21 September 2004). 19 августи 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 ноябри 2004.
- ↑ Amarjit Singh Kohli. Setting the record straight(англ.). Hindustan Times(пайванди дастнорас — таърих) (31 July 2012). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 августи 2014.
- ↑ Banerjee, Soumyadipta. It’s a world record for Asha Bhosle(англ.). DNA India (22 October 2011). 18 Декабри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Yesudas' singing career enters golden jubilee year(англ.). NDTV (15 November 2011). 18 Декабри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Parvez Rahim. Playback singers’ earnings: then and now(англ.). Dawn (6 November 2013). 19 Декабри 2014 санҷида шуд.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 15 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 ноябри 2014.нусхаи бойгонӣ. 15 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 ноябри 2014.
- ↑ 14.0 14.1 Shama Rana. Singing act(англ.). The Tribune (13 November 2011). 18 Декабри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Певцы за экраном становятся актёрами(пайванди дастнорас — таърих). Индия ТВ (2 сентябри 2009). 18 Декабри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Декабри 2014.
- ↑ Ali Zafar turns actor(англ.). Hindustan Times(пайванди дастнорас — таърих) (30 May 2010). 19 Декабри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Декабри 2014.
- ↑ Musical praises for Shraddha Kapoor(англ.). Times of India (2 June 2014). 18 Декабри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Alia Bhatt turns singer for A R Rahman, croons ‘Sooha Saha’ in ‘Highway’(англ.). The Indian Express (19 January 2014). 18 Декабри 2014 санҷида шуд.
- ↑ The Sound of Music full credits. IMDb.com. 5 августи 2016 санҷида шуд.
- ↑ Earl J. Hess and Pratibha A. Dabholkar, Singin' in the Rain: The Making of an American Masterpiece (Lawrence, Kansas: University Press of Kansas, 2009), p145.