Jump to content

Сатторхон Субҳонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саттор Субҳонов
Субҳонов Сатторхон Соҳибович
Таърихи таваллуд 2 сентябр 1952(1952-09-02) (72 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ ва ҷароҳии ҷоғу рӯй[d]
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер

Саттор Субҳонов (Субҳонов Сатторхон Соҳибович; зод. 2 сентябр 1952, Сомониён) — ҷарроҳи ҷоғу рӯй, номзади илмҳои тиб (1987), дотсент (1994), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005). Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (2019)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи стоматологияи Донишкадаи тиббии ба номи Н. И. Пирогови шаҳри Одесса (1975). Ординатор ва мудири шӯъбаи стоматологияи Беморхонаи клиникии шаҳрии № 5 (1975—1978), ординатори клиникӣ (1979—1980) ва ассистенти кафедраи ҷарроҳии стоматологии ДДТТ (1980—1983), аспиранти Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии шаҳри Маскав (1983—1986), ассистенти кафедраи ҷарроҳии стоматологӣ (1986—1989), ассистент ва дотсенти кафедраи стоматологияи кӯдакон (1989—1998), мудири кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдакон (аз с. 1998), ҳамчунин декани факултаи стоматологии ДДТТ (2000—2003), сардори идораи захираҳои кадрӣ ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии ҶТ (2003—2005), декани факултаи стоматологияи ДДТТ (2005—2009), сардори Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос (2009).

Дар ташкил намудани Маркази ҷумҳуриявии табобати нақси модарзодӣ ва ғайримодарзодии ҷоғу рӯи кӯдакон ва наврасон, ки минбаъд ба шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯи кӯдакон ва наврасони Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 (ҳоло Маркази миллии тиббии ҶТ) табдил дода шуд, саҳми арзанда гузоштааст. Бо ташаббуси Сатторхон Субҳонов ҳамчунин дар беморхонаи мазкур Маркази ҷарроҳии ҷоғу рӯи калонсолон таъсис ёфт. Иштирокчии анҷуману конфронсҳои байналмилалӣ оид ба таҳсилоти олии тиббӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Каунас, Остона, Бишкек. Солҳои 1976 ва 1978 дар шаҳрҳои Ленинград ва Москва такмили ихтисос кардааст. Узви раёсат ва Шӯрои олимони ДДТТ, узви ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии ҶТ буд. Муовини раиси Ассотсиатсияи стоматологҳои ҶТ (аз 2006) ва раиси Шӯрои олимони факултаҳои стоматологӣ, фармасевтӣ ва ҳифзи тандурустии ҷамъиятии ДДТТ (аз 2008).

Сатторхон Субҳонов соҳиби як духтар — Гулнора (зод. 1980) ва як писар — Мубориз (зод. 1990) мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 90 таълифоти илмӣ, 6 тавсияи методӣ ва 22 пешниҳоди навоварӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

  • Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон. Энсиклопедия. — Д.: СИЭМТ, 2009. — С. 484. — 575 с. — ISBN 978-99947-33-22-4.