Саттор Қайюмов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саттор Қайюмов
Саттор Қайюмов
Таърихи таваллуд: 20 сентябр 1925(1925-09-20)
Зодгоҳ: ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 2005(2005)
Маҳалли даргузашт: Хуҷанд, Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: таърих
Ҷойҳои кор: колхози ба номи М.Фрунзеи н.Хуҷанд,ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати в.Суғд
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Ҷоизаҳо: Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, ифтихорномаҳои Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон, медали тилои ба номи академик А.Вавилов, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Саттор Қайюмов - (20.09.1925, д.Ёваи н.Хуҷанд — 2005), муаррих, номзади илмҳои таърих (1966), дотсент (1967). Иштирокчии ҶБВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1955) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1966). Фаъолияти кориаш аз соли 1992 дар колхози ба номи М.Фрунзеи н.Хуҷанд оғоз ёфтааст. Хизмат дар сафи Артиши Сурх (1942-50), омӯзгори мактаби миёнаи н.Хуҷанд (1955-1960). Аз соли 1960 то соли 1963 дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ дар дастгоҳи кумитаҳои шаҳрӣ ва вилоятии ҲК Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Сармуаллим, дотсенти кафедраи коммунизми илмии ДДОЛ (1966-1967), мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрӣ ва вилоятии ҲК Тоҷикистон (1966-1973), ректори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1973-1986), раиси ҷамъияти «Дониш»-и в.Ленинобод (1973-87), раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Хуҷанд (1986-1997), раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати в.Суғд (1997-2006). Муаллифи бештар аз 200 асари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои таърихи иҷтимоӣ-сиёсии давлатҳои Шарқ. Вакили Шӯрои шаҳрӣ (1968-1971) ва Шӯрои вилоятӣ (1971-1987).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, ифтихорномаҳои Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон, медали тилои ба номи академик А.Вавилов мукофотонида шудааст. Шаҳрванди фахрии Хуҷанд..[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.