Jump to content

Сафаралӣ Сияҳақов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сафаралӣ Сияҳақов
Сафаралӣ Мирзоевич Сияҳақов
Таърихи таваллуд 5 июл 1965(1965-07-05) (59 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Сафаралӣ Мирзоевич Сияҳақов (тав. 05.07.1965, д. Сағирдашти н. Дарвоз) — физикдон, номзади илмҳои техникӣ (2016).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафаралӣ Сияҳақов соли 1989 шуъбаи рӯзонаи факултети физикаи Донишкадаи давлати омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори физика ва математика хатм кардааст. Солҳои 1989-1990 муаллими физикаи мактаби №6 ш. Роғун, 1990-2004 лаборант, аспирант, мудири лаборатория ва ассистенти кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев фаъолият намудааст. Солҳои 2004-2017 муаллими калони кафедраи физикаи умумии донишгоҳи омӯзгорӣ ва ҳамзамон муовини декан оид ба корҳои тарбия, таълим дар факултети физика кору фаъолият карда аст. Соли 2018 вазифаи сардори шуъбаи мониторинг ва ва баҳодиҳии сифати таҳсилотро ба уҳда дошт. Солҳои 2018- 2021 дар вазифаи декани факултети технология ва соҳибкорӣ кор карда аст. Аз соли 2021 инҷониб мудири кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.

Муаллифи зиёда 100 мақолаи илмӣ, стандарт барнома ва роҳнамои физика 673 барои омӯзгорони фанни физикаи синфи 10-уми муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, як китоб ва якчанд дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад, ки ба ҷанбаҳои мухталифи таълими физика бахшида шудаанд.

  • Устройство для определения влияния магнитного поля на изменение температуропроводности магнитних жидкостей. Малий патент № ТJ 229 Республики Таджикистан (соавтор) // Заявка № 0900294 от 31. 03. 2009, №, зарегистрирован в Гос. реестре изобретений Республики Таджикистан 17. 06. 2009г., № 27/00 27/74. 1 с.
  • Лаппиш ва мавҷҳо. Д., 2011 қисми 2;
  • Оптика. Д., 2013;
  • Электрик ва магнетизм. Д., 2013;
  • Сохти атом. Зараҳои элементарӣ. Д., 2014;
  • Физикаи молекулавӣ ва асосҳои термодинамика (барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ). Д., 2015;
  • Асосҳои механика, ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Д., 2015;
  • Стандарт, барнома ва роҳнамои физикаи синфи 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Д., 2018;

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ [[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Ай