Jump to content

Сафинаи Хушгӯ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Сафинаи Xушгӯ» (форсӣ: سفینه خوشگو‎) — тазкираест, ки шоир ва насрнависи форсизабони Ҳиндустон Биндробан Доси Хушгӯ солҳои 1724—1734 таълиф кардааст.

Шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 1418 нафар шоир: форсизабони давраҳои мутақаддим ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Шоирон мувофиқи таърихли таваллуд ё вафот зикр шудаанд. «Сафинаи Xушгӯ» аз се дафтар иборат аст: дафтари аввал — аз Рӯдакӣ то Кофӣ, 362 шоир; дафтари дуюм — аз Ҷомӣ то Шугунӣ, 811 шоир; дафтари сеюм аз Фитрат то Муншӣ, 245 шоир. «Сафинаи Xушгӯ» сарчашмаи мӯътабари адабиёти форс-тоҷик буда, алалхусус дафтари сеюми он қимати баланд дорад. Муаллиф бо аксари шоироне, ки дар он дафтар зикрашон омадааст, ошноӣ дошта, аҳволу ашъори онҳоро аз забони худашон нақл кардааст. Аз ҷумла, муаллиф, ки ҳамеша дар ҳузури Бедил будааст, доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ маълумоти пурарзиш ва боэътимод меоварад. «Сафинаи Xушгӯ» ба истиснои баъзе қисмҳо бо забони содда ва сабки равон навишта шудааст. Нусхаҳои дастнависи «Сафинаи Xушгӯ» чандон зиёд нестанд. Дафтари сеюми «Сафинаи Xушгӯ» соли 1958 дар Патна (Ҳиндустон) ба табъ расид.