Jump to content

Сафина Иронова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сафина Иронова
Сафина Шириншоевна Иронова
Таърихи таваллуд 22.04.1971,
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сафина Шириншоевна Иронова (тав. 22.04.1971, д. Дуршери н. Ванҷ), муаллими физиология, номзади илмҳои биология (2021).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафина Шириншоевна Иронова хатмкардаи ДМТ, факултаи биология, ихтисоси биологи – химия (1994). Дар донишгоҳи зикргардида ба сифати ходими хурди илмӣ ба фаъолият шуруъ намуда, соли 1995 ба аспирантура дохил гашт, дар ҷодаи «физиологияи одаму ҳайвон» тадқиқоти илмӣ бурдааст. Аз соли 2005 дар кафедраи анатомия ва физиологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳоло мудири кафедраи физиологияи синусолӣ ва мудофиаии шаҳрвандӣ аст. Равияи тадқиқоти илмиаш физиологияи одаму ҳайвон мебошад. Муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва оммавӣ аст, ки дар нашрияҳои гуногуни Ҷумҳурявӣ ва берун аз он ба табъ расидаанд.

  • Участие фронтальной области кори мозга крис в условнорефлексном виборе разнокачественной пищи // Материали 53-й годичной научно-практической конференции ТГМУ, Д.,2005;
  • Условно-рефлекторние механизми вибора пищи в условиях жажди // Научние труди II-го съезда физиологов СНГ. Д.,2008;
  • Водно-солевой обмен при изменении биоэлектрической активности гипоталамуса и сенсомоторной кори в условиях 266 эксперимента//Наука и инновация. Д., 2019;
  • Влияние високой температури на вибор разнокачественной пищи у белих крис//Наука и инновация. Д., 2019.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ