Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сафиувло Ҳабибов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сафиувло Ҳабибов
Таърихи таваллуд 10 ноябри 1941(1941-11-10) (84 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ИҶШС

Сафиувло Ҳабибов (10.11.1941, деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ) — доктори илми иқтисодӣ (1989), профессор (1993), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1964 ба поён расонда, дар ҳамон донишгоҳ ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи иқтисоди тиҷорат (1964—1987), дотсенти кафедраи иқтисод ва мудирияти муҷтамеъи кишоварзӣ–санъатӣ (1987—1990) кор кардааст. Солҳои 1990—1993 муовини мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисодии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993—2002 мудири кафедраи иқтисоду корофаринӣ ва декани факултаи иқтисоду мудирият, 2002—2011 муовини раиси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар муносиботи байналмилалӣ, 2011—2012 мудири кафедраи иқтисоди ҳамин донишгоҳ буд. Аз соли 2012 профессори ҳамон кафедра аст. Дар масоили иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, соҳибкории хурду миёна, ислоҳоти иқтисодӣ, проблемаҳои назарӣ ва амалии натоиҷи фаъолияти молии корхонаҳо, стратегияи инкишофи босуръат ва шиддатафзоии тараққиёти тиҷорати ҷумҳурӣ ва ғайра беш аз 150 асару мақола навиштааст. Саҳмаш дар таҳқиқ ва ҷорӣ кардани низоми кредити кории мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ калон аст.

  • Тематика лекций и научно-теоретических конференций по вопросам экономики. — Д., 1977;
  • Торговые скидки, издержки обращения и рентабельность торговли. Учебное пособие. — Д., 1982;
  • Сфера услуг на современном этапе. — Д., 1984; Торговля в перестройке. — Д., 1988;
  • Интенсификация развития торговля в перестройке. — Д., 1989;
  • Тиҷорат дар замони бозсозӣ. — Д., 1989;
  • Шиддатафзоии инкишофи тиҷорат. — Д., 1989;
  • Иқтисодиёти бозорӣ. Китоби дарсӣ. — Д., 1994 (ҳаммуаллиф);
  • Массовое питание. Учебно-методическое пособие. — Д., 1997 (соавтор);
  • Луғати истилоҳоти иқтисодӣ (русӣ-тоҷикӣ). — Д., 2000 (ҳаммуаллиф);
  • Иқтисоди корхонаҳои хурд. — Д., 2001;
  • Бозори истеъмолии Тоҷикистон. — Д., 2003 (ҳаммуаллиф);
  • Менеҷмент. Китоби дарсӣ. — Д., 2003 (ҳаммуаллиф);
  • Бозор ва соҳибкорӣ: фаъолияти машваратӣ. — Д., 2004;
  • Масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии савдои чакана. — Д., 2004;
  • Проблемы повыщения эффективности розничной торговли. — Д., 2004 (соавтор);
  • Соҳибкории хурд. — Д., 2006; Тиҷорати байналхалқӣ. Қитоби дарсӣ. — Д., 2007 (ҳаммуаллиф).
  • Илмат ба амал чу ёр гардад… — Д., 2001.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — 728 с.