Jump to content

Саъдулло Рабиъӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Саъдулло Рабиӣ)
Саъдулло Рабиъӣ

Саъдулло Рабиъӣ (4 марти 1883, деҳаи Арақчин, ноҳияи Варзоб — 1938, ҳа­мон ҷо) — шоири советии тоҷик, узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС (1934).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дониши ибтидоиро дар назди падараш бароварда, дар мадрасаи Ҳисор таҳсилро давом додааст. Дар Мадраса асри таассуроти ашъори шоирони гузашта, хусусан Бедилу Соиб ба шеъргӯӣ пардохтааст. Шеърҳои тоинқилобиаш асосан тақлидӣ буданд. Рабиъӣ Инқилоби Октябрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар ташкили хоҷагиҳои коллективӣ фаъолона иштирок карда, дар идораҳои советию маҳаллии ҷумҳурӣ кор кардааст. Рабиъӣ ба хидмати адабиёти нави сотсиалистӣ камар баста, дар равияи эҷодиёти халқ шеър менавишт.

Мавзӯъи асосии шеърҳои Инқилоби сохтмони на­ви советӣ, дастовардҳои ватани со­тсиалистӣ, нав шудани симои деҳоти Тоҷикистон, таблиғи озодии занон, мактабу маориф ва ғайра буд (шеърҳои «Варзобстрой», «Ба муносибати яксолагии „БАС“», «Ба муносибати ташкили райони нави Варзоб», «Хитоб ба Духтарони Шарқ» ва ғайра).

Рабиъӣ бо унвони «Ҳисорӣ» дар равияи асарҳои халқӣ достони нотамоме дорад (1183 байти он дар архиви шахсии шоир маҳфуз аст). Соли 1934 Рабиъӣ ба сифати вакил дар Съезди 1-уми умумииттифоқии нависандагони СССР иштирок кардааст. Достони тарҷумаиҳолии шоир бо унвони «Москва» (1935) натиҷаи таассуроти ҳамин сафар аст.

  • Бригада (Маҷмӯаи шеърҳо), Сталинобод, 1932;
  • Москва. Достон, Сталинобод, 1935.
  • Рабиӣ Саъдулло // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).
  • Лоҳутӣ А., Адабиёти тоҷик, Куллиёт, ҷ. в, Д., 1963;
  • Писатели Таджикистана, Д., 1981.