Арақчин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Арақчин (деҳа, н. Варзоб))
Деҳа
Арақчин
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Варзоб
Ҷамоат Деҳоти Чорбоғ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1570 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонон
Вақти минтақавӣ UTC+5
Коди телефон +992 3153
Коди мошин TJ07

Арақчиндеҳа дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб. Аз Арақчин то маркази ноҳия 31 км. ва то маркази шаҳри Душанбе 18 км. Аҳолиаш 1570 нафар (2019), тоҷикон.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳаи Арақчин дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва тақрибан дар баландии 1100м-1200м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҳудуди имрӯзаи деҳа тақрибан 16 гектарро ташкид намуда релефи он баландкӯҳ ва кӯҳсор мебошад. Масофааш то шаҳри Душанбе 6 км буда роҳ асфалтпӯш мебошад.

Аз рӯи маълумотҳои охирин аҳолии деҳа дар 01-01-2019сол 1570 нафарро ташкил медиҳад. Сокинони деҳа аз қадимулаём тоҷикон мебошанд. Деҳаи Арақчин таърихи хеле қадима дорад, ки барои он бозёфтҳои таърихӣ ва навиштаҳои олимону адибони гузашта шаҳодат медиҳанд. Аввалин маълумотҳои таърихӣ оид ба таърихи деҳаи Арақчин дар навиштаҳои таърихнигорон ва саёҳатчиёни рус дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX навишта шудаанд. Хусусан навиштаҷотҳои полковник Логофет барои деҳаҳои амлокдории Варзоб аз ҷумлаи деҳаи Арақчин ҷоилиби диққат мебошад. Навиштаҷотҳои дигаре, ки ба мо барои гузашта ва зиндагии мардуми он маълумотҳои муҳим медиҳанд ин осори шоири мардумии сокини ҳамин деҳа Мирзо Саъдулло Рабиӣ мебошад. Шоир дар эҷоидиёти худ хусусан дар достони «Порчаи бедод» ҳаёти мардуми деҳаро дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX нишон додаст. Оиди гузаштаи мардуми деҳаи Арақчин маълумотҳои таърихиро мо метавонем аз як қатор манбаҳои дигаре, ки дар замони Шуравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ба даст омадаанд дастрас кунем. Оид ба таърихи ин деҳа маълумотҳо дар китобҳои «Истории энадимского народа» қисми 1, «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров қисми 1 саҳифаҳои 34-35, энсеклопедияи «Душанбе» маълумотҳои таърихиро дастрас намудан мумкин аст. Маълумотҳои дигарро барои деҳаи Арақчин, ки ба давраи барқароршавии Ҳокимияти Шуравӣ дар ин ҷой марбут мебошад мо метавонем аз китоби нависандаи таърихнигори рус Яков Налский «В горах Восточний Бухаре» дастрас намоем. Дигар манбае, ки барои омӯзишн ин деҳа метавонад маълумотҳо хуб ва саҳеҳ диҳад ин маҷмуи материалҳоии этнографие мебошад, ки натиҷаи экспидитсияи кормандони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш аст, ки дар соли 1961-1962 дар ҷамоати деҳоти Чорбог сурат гирифтааст. Натиҷаи ин корҳои этнографӣ дар китоби Неъмонова Л.И «Таджики Варзоба» ба таври муфассал оварда шудаанд.

           Худи номи деҳа Арақчин ба мавқеи ҷойгиршавии он,  ки ҷои баланду хушбоду ҳавост алоқамандӣ дошта аз рӯи  гуфтаи куҳансолони деҳа он ба вазиши боди форам ва тобистони салқини он вобаста мебошад. Баъзе одамон ин вотаро ба каллапуши махсус марбут медонанд, ки ин ба воқеият дуруст намеояд зеро истифодаи ин намуди каллапуш чӣ дар гузашта ва чӣ дар имрӯза маъмул намебошад.

Маълумотҳои аввалине, ки мо доир ба таърихи ин деҳа дар даст дорем ба давраи маданияти Ҳисор марбут буда он ба давраи асри мису биринҷӣ рафта мерасад, ки ин бо охири хазорсолаи III ва ибтидои ҳазорсолаи II пеш аз милод рост меояд.

Қадимтарин ёдгории таърихие, ки соли 1955 дар деҳаи мазкур аз тарафи сокини он Нарзулло Розиқов тасодуфан дарёфт карда шуда аст табари мисине мебошад, ки аз рӯи таҳқиқи археологҳо ба замони асри мису биринҷ марбут буда таърихи беш аз 5 ҳазор сола дорад.

Дар китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» барои ин бозёфт оварда шудааст: «Қадимтарин ёдгориҳои аҳди биринҷӣ, ки дар Тоҷикистони ҷанубӣ ва марказӣ кашф шудаанд, маснуоти мису биринҷӣ аз ҷумла табарҳои мисӣ мебошанд. Яке аз ин табарҳо аз деҳаи Ёрии райони Панҷакент, дигаре аз деҳаи Шаршараи райони Куйбишев» ва савумин аз наздикии қишлоқи Арақчини ноҳияи Варзоб дарёфт шудааст. Таърихи хамаи инҳоро охири ҳазорсолаи III авали хазорсолаи II пеш аз милод муайян кардаанд.»

Аз руи ин бозёфт гуфтан мумкин аст, ҳанӯз 4 ҳазор сол пеш дар мавзеи имрӯзаи деҳа одамон зинадгонӣ мекарданд.

Дигар бозёфтҳои таърихие, ки аз куҳандиёр будани ин мавзеъ далолат медиҳад ин пайдо гардидани хиштҳои пухта, ороишоти кунҷҳо ва ҳаргуна зарфҳои дигари сафолӣ мебошад, ки (солҳои 1989-1990) аз тарафи сокини ҳамин деҳа пайдо гардиданд ва олимону мутахассисони бостоншинос, ки онро ба асрҳои IХ-Х яъне замони Сомониён мансуб донистанд. Олимон муайян намуданд, ки хиштҳои дарёфтшуда аз рӯи ҳаҷм, андоза ва сифати худ шабеҳи хиштҳои замони Сомониён мебошад.

Дар ин ҷо месазад хотиррасон намуд, ки дар мавзеи Дараи Мазор маконе вуҷуд дорад, ки то имрӯз аз он ҷо одамон ҳангоми кор дар замин миқдори зиёди хиштҳо ва танурҳои калони хиштпазиро дучор меоянд. Аз рӯи гуфтаҳои бостоншиносон ин бозёфтҳо аз хамон мавзеъ пайдо мешаванд, ки олимон онро Арақчини куҳна медонанд. Ҳарчанд хиштҳои пайдошуда аз тарафи олимони бостоншинос мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст ва баҳои илмӣ наёфтаанд вале гумон меравад омӯзиши он аҳамияти калони илмӣ дорад. Таърихшиноси машҳури тоҷик акдемик Аҳрор Мухторов дар китоби худ «Таърихи Ҳисор» дар бобое, ки ба деҳаҳои доманакӯҳи Ҳисор бахшида шудааст менависад, ки куҳантарин деҳа дар ин мавзеъ ин деҳаи Арақчин мебошад. Сокинони деҳаи Арақчинро тоҷикони чағатай номидааст. Ба ғайр аз ин дар ҳудуди деҳа ва атрофи он боз якчанд мавзеҳое вуҷуд доранд, ки то имрӯз аз он ҷо одамон сафолпора, сангҳои гуногун ва тангаҳоро дарёфт менамоянд. Ҳокимияти Шуравӣ дар солҳои 1921-1922 барқарор гардидааст. Дар кори мустаҳкамкунии ҳокимияти нав саҳми фарзандони деҳа назаррас мебошад. Саҳми фарзандони деҳа дар ин давра дар китоби нависандаи рус Павловский «В горах восточних Бухара» ба таври муфассал оварда шудааст. Дар кори барқарорсозии ҳокимияти нав фарзанди ин деҳа Теша Ризоев, Асадулло Хайруллоев, Нурулло Ғуломов, Қаюм Қодир ва Қурбон Азизовҳо, Мирзо Саъдулло Рабиӣ ва Абдурашид Тошев хеле калон мебошад. Аввалин мактаби Шуравӣ дар деҳа тобистони соли 1928 ташкил ёфтааст, ки омӯзгори нахустини он Ҷумъаев Ш аз шаҳри бостонии Самарқанд мебошад.

Зодагони деҳаи Арақчин бо фаъолияти густурдаи худ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷомеа фаъолона ширкат меварзиданд. Шоир Саъдулло Рабиӣ чун вассофи ҳаёти нав баромад намуда соли 1934 чун вакил дар анҷумани I нависандагони шуравӣ иштирок намуда буд. Теша Ризоев зиёда аз 38 сол дар вазифаи раиси ҷамоати Чорбоғ кор карда 3 даъват ба Шурои Олии Тоҷикистон вакил интихоб шуда буд. Фарзанди дигари деҳаи Арақчин Абдусалом Рабиев барои хидматҳои арзандааш сазовори унвони Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи Ордени Ленин ва ду даъват вакили Шурои Олии Тоҷикистон шуда буд.

Дар солҳон ҶБВ 49 нафар фарзандони деҳа ба ҷанг ва ба баталионҳои меҳнатӣ даъват шуда 20 нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]