Jump to content

Саёҳат Дадаҷонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саёҳат Дадаҷонова
Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна
Таърихи таваллуд: 17 феврал 1966(1966-02-17) (58 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Рӯдакӣ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷураев, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна – ҳуқуқшинос, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна 17 феврали соли 1966 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷураев, соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: муаллимаи фанни таърих ва ҳуқуқ, ҳуқуқшинос. Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  • Солҳои 1985-1995-китобхоначии китобхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 1995-1996-муаллимаи фанни таърихи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 1997-2000-котибаи маҷлиси суди ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 1997-2000-мудири шуъбаи коргузории суди ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 2002-2007-мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 2008-2010-раиси Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Аз соли 2010- то инҷониб — раиси Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

Аз 29 марти соли 2015 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [1] мебошад.

  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»