Светлана Герасименко
Светлана Герасименко | |
|---|---|
| укр. Світлана Герасименко | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 23 феврал 1945[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 8 апрел 2025[2] (80 сол) |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ |
| Алма-матер | |
Герасименко Светлана Ивановна (23 феврал 1945[1], Баришевка[d], Вилояти Киев — 8 апрел 2025[2]) — ахтаршиноси шӯравии тоҷикистонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Светлана Герасименко 23 феврали соли 1945 дар деҳаи Баришевкаи вилояти Киеви Украина дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии ба номи Т. Шевченкои Киев (1968).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Якҷо бо корманди Расадхонаи марказии астрономии АИ Украина К. Чурюмов дар Алмаато ҳангоми аксбардорӣ кардани зузанаби Комас-Сола дар акс боз як зузанаби нав мушоҳида гардид, ки ба он номи зузанаби Чурюмов-Герасименко дода шуд. Светлана Герасименко аз соли 1973 то ҳол бо даъвати Институти астрофизикаи АИ ҶТ дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва корманди илмии ҳамин пажӯҳишгоҳ мебошад. Светлана Герасименко 2 марти 2004 ҳангоми ба Кайҳон сар додани зонди байнисайёравии «Розетта», ки аз космодроми Гвианаи Фаронса ба сӯи зузанаби Чурюмов-Герасименко парвоз кард, якҷо бо К. Чурюмов иштирок дошт. Зонд 12 ноябри 2014 ба зузанаб фуруд омад. Астероиди № 3945, ки соли 1982 аз тарафи Н. Черних кашф шудааст, номи Светлана Герасименкоро дорад.
Ҷусторҳои вобаста
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Герасименко Светлана Ивановна // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.