Семент

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Семент (лот. caementum — «шағал, сангреза»), симон — моддаи сунъии ғайриорганикии гидравликии часпанда. Яке аз масолеҳи асосии сохтмон. Ҳангоми бо об ва дигар моеъҳо омехта кардан ба шакли пластикӣ табдил меёбад ва зуд сахт шуда, ҷисми сангмонанд мегардад. Асосан барои тайёр кадани бетон ва лойи бинокорӣ истифода мешавад. Маркаи семент — воҳиди шартӣ, ки мустаҳкамии семент аз он паст намегардад (200, 300, 400, 500, 600).

Аз таърихи семент[вироиш]

Семент аз замонҳои хеле қадим маълум аст. Мисриён ва юнониёни қадим дар сохтмони иншооти азим аввалин моддаҳои сунъии часпон — гаҷ ва оҳакро ба кор бурдаанд. Дар Бухорои Қадим ҳангоми бунёди пойдевор, деворҳои дахма, сағонаҳо, ҳавзу ҳаммомҳо сементи гаҷдор — «қир»-ро ба кор бурдаанд. «Қир»-ро асосан аз хокистари рустанӣ, гаҷ, шираи ангур ва сафедаи тухм ҳосил мекарданд.

Намудҳои семент[вироиш]

Истеҳсоли семент[вироиш]

Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон[вироиш]

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2014 дар Тоҷикистон 9 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият доранд, ки бузургтаринашон корхонаи «Тоҷиксемент»-и шаҳри Душанбе ва «Ғаюрсемент»-и ноҳияи Ёвон мебошанд[1].

Соли 2013 дар Тоҷикистон 385 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба ин навъи масолеҳи сохтмон беш аз 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад. То чанд соли пеш камбуди семент аз ҳисоби воридоти он аз Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бароварда мешуд[1].

Давлатҳои истеҳсолкунандаи семент[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон 37,4 баробар афзуд(тоҷ.). www.news.tj. ASIA-Plus. 18 май 2019 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш]

  • Райхель В., Конрад Д. Бетон. В 2 ч. Ч. 1. Свойства. Проектирование. Испытание. — М.: Стройиздат, 1979. С. 33. Пер. с нем. / Под ред. В. Б. Ратинова.

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.