Jump to content

Сергей Агаджанов Григоревич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сергей Агаджанов
Агаджанов Сергей Григоревич
Таърихи таваллуд 30 август 1928(1928-08-30)
Зодгоҳ Марв, Туркманистон
Таърихи даргузашт 1999(1999)
Фазои илмӣ таърих
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Алма-матер Донишгоҳи педагогии ба номи М. Горкийи Ашқобод (1950)

Сергей Агаджанов Григоревич (30 августи 1928, Марв, Туркманистон1999, Москва) — таърихнигор, шарқшинос, доктори илмҳои таърих, узви вобастаи АИ Туркманистон ва АИ дақиқи Россия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи педагогии ба номи М. Горкийи Ашқобод (1950). Ходими илмӣ (1954 – 1957), ходими калони илмӣ (1957 – 60), мудири шуъбаи мардумшиносӣ (1961 – 1966), директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Туркманистон (1970 – 80), ходими калони илмии Институти таърихи СССР-и АИ СССР (1980 – 1986), мудири шуъбаи масоили таърих ва муносибатҳои миллии ҳамин институт (аз соли 1986) буд. Муҳимтарин таълифоташ вобаста ба таърихи Салҷуқиён ва туркманҳо ба забонҳои англисӣ, немисӣ, туркӣ ва форсӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

  • Агаджанов С. Г., Очерки истории огузов и туркмен Средней Азии IX – XII вв., Ашхабад, 1969;
  • Сельджукиды и Туркмения в XI – XII вв., Ашхабад, 1973;
  • Государство Сельджукидов и Средняя Азии в XI – XII вв., М., 1991.