Сергей Иванович Вавилов
Сергей Иванович Вавилов (24.03.1891, Маскав – 25. 01.1951, ҳамон ҷо), физик, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, акад. АИ ИҶШС (1932) ва узви Президиуми АИ ИҶШС (1935–38).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Вавилов С.И. баъди хатми Университети Маскав (1914) дар хидмати ҳарбӣ (1914–18) буд. Солҳои 1918–32 муаллим ва мудири кафедраи физикаи умумии Университети Маскав (аз 1929 профессор), сипас, директори Институти физикаи АИ ИҶШС (1932) ва роҳбари илмии Институти давлатии оптика (1932–45), президенти АИ ИҶШС (1945–51) ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии кори АИ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ буд. Корҳои илмии Вавилов С.И. ба оптика (люминессенсия, флуорессенсия, хосияти квантии рӯшноӣ ва ғайра), фалсафаи табиатшиносӣ ва таърихи физика бахшида шудаанд. Бо роҳбарии ӯ П. А. Черенков шуоъафкании моеоти софро таҳти таъсири β ва γ – шуоъафкании моддаҳои радиофаъол (нигар Шуоъафкании Черенков – Вавилов) кашф кард (1934). Вавилов С.И. дар китоби «Микросохтори рӯшноӣ» (1950) ба соҳаи нави оптика – микрооптика асос гузошт. В. инчунин асосгузори оптикаи ғайрихаттӣ, ташкилкунандаи чандин мактабҳои физикҳо мебошад. Дар фаъолияти Вавилов С.И. тарғиби донишҳои илмӣ дар байни омма мавқеи хосса дорад. Ӯ яке аз ташаббускорони ташкил кардани ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш» ва аввалин раиси ин ҷамъият (1947), инчунин (аз соли 1949) сармуҳаррири нашри 2-юми «Большая Советская Энциклопедия» (Энсиклопедияи Бузурги Шӯравӣ) буд. Солҳои ҶБВ (1941–45) Вавилов С.И. вакили фавқулодаи Комитети давлатии мудофиа таъйин мешавад. Бо роҳбарии ӯ асбобҳои наве сохта шуданд, ки бо онҳо Артиш ва Флоти Шӯравӣ мусаллаҳ гардид. Депутати Совети Олии ИҶШС (1946, 1950). Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1943, 1946 ва 1951 баъди вафот). Бо 2 ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст. Ба Институти давлатии оптика (дар Санкт-Петербург) номи Вавилов С.И. дода шудааст. Ба номи Вавилов С.И. инчунин медали тило таъсис ёфтааст (1951), ки ҳар сол барои корҳои барҷастаи илмии соҳаи физика дода мешавад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вавилов С.И.Собрание сочинений, М., 1952–1956.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Левшин Л. В., С. И. Вавилов, М., 1960.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вавилов Сергей Иванович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 5 6 Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.) — СПб.: Гуманистика. — Т. 3. — С. 436.
- 1 2 Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.) — СПб.: Гуманистика. — Т. 3. — С. 435.
- ↑ Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.) — СПб.: Гуманистика. — Т. 3. — С. 437.
- Зодагони 24 март
- Зодагони соли 1891
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Маскав
- Даргузаштагони 25 январ
- Даргузаштагони соли 1951
- Даргузаштагони шаҳри Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Докторони улуми физика ва математика
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Русия