Систон
Сиистон (форсӣ: سیستان [siːˈstɒːn]), Сакастан; то асри II то милод — Заранг - Дрангиана) — вилояти таърихӣ - ҷуғрофӣ дар ҷанубу шарқи Эрон ва ҷанубу ғарби Афғонистон. Кишвар дорои ҳафриёту ривоятҳои зиёди таърихист.
Шаҳрҳои Сиистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Кишвар дар ибтидои ҳазорсолаи I милодӣ дар ҳайати давлатҳои форсизабони Мод ва Ҳахоманишиён қарор дошт. Номи Сакастан (минбаъд Сиистон) ба кишвар, баъд аз муҳоҷирати қабилаҳои сакойи дар ҳазорсолаи II то милод ва ибтидои асрҳои милодӣ гузошта шудааст. Заминҳои Сиистон дар ҳайати давлатҳои юнонӣ, Искандари Мақдунӣ ва давлати Юнону Бохтар, Порт, Кушониён, Сосониён буд ва дар миёнаи асри VII ба ҳайати Хилофати Араб дохил буд. Сулолаи Саффориён (861-1003) инҷо ҳукмронӣ намудааст.
Соли 1508 Сиистон аз ҷониби шоҳи Эрон Исмоили I Сафавӣ забт шуда буд.[1]