Хилофати Араб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақолаи асосӣ: Хилофат
Халифати Араб
ар. خلافة إسلامية

 

 

8 июли соли 632 —

20 феврали соли 1258[1]


Дирафши Хилофати Араб Муҳри Нубувват

Исторические территории исламского государства с 622 по 750 годы:██ Территория, контролируемая мусульманами при жизни Мухаммеда, 622–632 ██ В период существования Праведного халифата, 632–661 ██ В период существования Омейядского халифата, 661–750
Забон(ҳо) забони арабӣ
Дин ислом
Шакли ҳукмронӣ
Сулола * Умавиён (661—750)[2][3]
 - 632—634 Абу Бакр ас-Сиддиқ
 - 634—644 Умар ибн ал-Хаттоб
 - 644—656 Усмон ибн Аффан
 - 656—661 Алӣ ибн Абу Толиб
 - 661 Ҳасан ибн Алӣ
Халифи Умавиён
 - 661—680 Муавия ибн Абу Суфьян (первый)
 - 744—750 Марван II ибн Муҳаммад (последний)
Халиф Аббасидов
 - 760—754 Абуль-Аббас ас-Саффах (первый)
 - 1242—1258 Абдуллах аль-Мустасим (последний)
Таърих
 - 8 июня 632 {{{Сол1}}} Марги паёмбар Муҳаммад (с)
 - 656—661 {{{Сол2}}} Первая фитна
 - 26 января 661 {{{Сол3}}} Убийство халифа Алӣ
 - 661 {{{Сол4}}} Приход к власти династии Омейядов
 - 680—692 {{{Сол5}}} Вторая фитна
 - 747—750 {{{Сол6}}} Третья фитна
 - 1256—1260 {{{Сол7}}} Ближневосточный поход монголов и разгром халифата

Хилофати Ара́б (ар. خلافة إسلامية‎ — Хилофати Исломӣ‎) — давлати теократии исломие, ки дар натиҷаи истилоҳои мусулмонон дар асрҳои 7-9 ба вуҷуд омада, дар сари он халифаҳо меистод. Дар маъхазхои кадими рус он бо номхои подшохии Агария ва подшохии Исмоил низ маълум аст, ки бо хамин онро ба руйхати умумии подшохонии (империяхои) чахони, ки ба китобпарастони руси он замон маълум буд, дохил кардааст.

Баъди вафоти Муҳаммад (с)[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад (с) моҳи Рабиеъу-л- аввал. яъне дар яке аз рӯзҳои 27 май - 25 июни соли 632 вафот кардааст, лекин рӯзи аниқи он муайян нест. Хабари вафоти Муҳаммадро шунида, шахсони бонуфузи Шаҳри Мадина барои сарвари Давлати Араб шудан талош карданд. Яке аз гурӯҳҳо ҳатто иброз дошт, ки тайёр аст дар бораи садоқат ба пайғамбари Оллоҳ Муҳаммад савганд ёд кунад. Барои ҳокимият дар Мадина ду гурӯҳ рақобат мекард. Якеро "ансорҳо" ва дигареро "муҳоҷирҳо" меномиданд. Ансорҳо даъво карданд, ки ба онҳо барои соҳиб шудан ба сарварии давлат бо қурайшиҳо ҳукуқи баробар дода шавад. Ба фикри онҳо ба Давлати Араб бояд ду нафар - як нафарӣ аз ҷониби ансорҳо ва муҳоҷирҳо роҳбарӣ кунад. Вале дере нагузашта, дар дохили ансорҳо мухолифат пайдо шуд, ки он дар мубориза барои ҳокимият мавқеи муҳоҷирҳоро пурзӯр кард.Аз ин лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, ҳамсафони наздики Муҳаммад (с) дар Мадина ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд.

Ҳамин тариқ, сардори ҷамоаи Мадина, ҳамсафи наздиктарин ва со диқи Муҳаммад пайғамбар Абӯбакр эълон карда шуд. Ӯ унвони "халифа"- ро гирифт, ки маънояш "ворис" ё худ "ҷонишин"-и Муҳаммад (с) мебошад.

Халифа Абӯбакр Шаҳри Мадина-ро пойтахти Хилофат эълон кард. Маҳз бо ҳамин сабаб ин давлатро Хилофати Мадина ном мебаранд. Гарчанде ба давлати марказиятноки Араб Муҳаммад (с) асос гузошта буд, вале дар шакли хилофат он соли 632, баъди вафоти пайғамбари Аллоҳ ва дар оғози халифагии Абӯбакр номгузорӣ шудааст. Византиягиҳо пурра торумор карда шуданд. Шикастхӯрдагон 70 ҳазор қасро талаф доданд. Арабҳои Сурия дар зери роҳбарии малик Ҷабал ибни Айҳам ба тарафи арабҳо гузаштанд. Баъди ин ғалаба арабҳо Димишқро аз нав ишғол карда. Сурияи Шимолиро низ ба даст дароварданд. Императори Византия Ираклий дар аснои тарк карданн Сурия хитоб намуд: "Алвидоъ, Сурия! Он чӣ хел мамлакати олиҷаноб аст барои душманони мо!"

Халифа Умар баъди ҷанги дусола шаҳри Байтулмуқаддас ва баъди ҷанги ҳафтсола Қайсария, ки онро аз номи Юлий Сезар - Сезария ҳам меномиданд. ишғол кард. Муҳорибаҳои арабҳо дар Ироқ бо лашкарҳои Сосониёни Эрон ба амал омадаад. Ҳангоми ишғоли шаҳри Хира арабҳо аз лашкари Сосониён якчанд маротиба шикаст хӯрда, маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд. Сарбозони арабро филҳои ҷангии эрониён ба даҳшат оварданд. Арабҳоро дар ин ҷо эрониҳо шикаст доданд. Вале дар охирҳои соли 635 бар Сосониён пирӯз гаштанд. Соли оянда арабҳо дар муҳорибаи Кадисия лашкари бузурги Сосониёнро торумор намуданд. Баъди ин ғалаба роҳи арабҳо ба сӯи пойтахти Сосониён - Тайсафун, ки онро аз сабаби зебоияш Мадоин ном мебурданд, кушода шуд. Сокинони он дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи арабҳо боз кардаад. Қӯшуни Сосониён ба зарбаҳои ҳалокатбори арабҳо тоб наоварда, шикаст хӯрд. Шоҳи Сосониён Яздигурди III ва аҳди дарбораш аз шаҳр фирор карданд. Арабҳо бо мушкилиҳои зиёд қаламрави бузурги давлати Сосониён, аз он ҷумла Тахти Ҷамшедро ба даст дароварданд. Соли 651 Яздигурди III дар задухӯрди наздикии шаҳри Марв кушта шуд. Баъди ишғоли Сурия дар тӯли 14 сол лашкари арабҳо барои ишғоли Қафқоз ҷанг карда, оқибат Арманистон ва як қисми Гурҷистонро то шаҳри Тифлис ба даст дароварданд. Халифаҳои Мадина барои ишғоли Миср ҳанӯз ҳангоми ҷангҳои худ дар Сурия оғоз карда буданд. Ҳамлаи нахустин ба Миср бо сардории Амир ибни ал-Аса соли 639 сурат гирифтааст. Баъди муттаҳид шудани тамоми нимҷазираи Арабистон талаботи Хилофати Мадина ба маҳсулоти ғаллагӣ чандин маротиба афзуд. Амр ибни ал-Аса маҳз барои ҳамин ба Миср лашкар кашидааст. Соли 640 Амр шаҳри Полусийро ишғол карда, аз дарёи Нил гузашт. Баъди ба арабҳо аз Мадина расидани ёрӣ лашкари Амр ибни ал- Аса дар наздикии Шаҳри машҳури Гелиопол византиягиҳоро шикаст дод. Усқуфи маҳаллӣ Муқавкис бо Амр дар бораи таслими қалъаи Бобул қарордод имзо кард. Лашкари арабҳо истилои худро дар Африқо давом дода, шаҳри Искандарияро, ки дар соҳили ҷанубии баҳри Миёназамин воқеъ аст, ишғол кард ва ба Мисри Шимолӣ ва Либиё зада даромад. Фармондеҳи Лашкари арабҳо Абдуллоҳ ибни Саид, ки ҳокими Миср буд, ба қаламрави Тунис ҳамла оварда, византиягиҳоро дар наздикии қалъаи Субайтла торумор кард. Ҳамин тавр, арабҳо мулкҳои Византия ва Сосониёнро паси ҳам ишғол намуда, дар Осиё ва Африқо ҳудудҳои Хилофаги Мадинаро васеъ мекарданд. Соли 644, баъди аз дасти ғуломи эронӣ кушта шудани Умар, ба тахти Хилофати Мадина Усмон ибни ал-Аффон менишинад. Ӯ ба яке аз духтарони Муҳаммад (с) хонадор шуда буд. Баъди вафоти Муҳаммад (с) пайғамбар Усмон духтари дигари ӯро низ ба занӣ гирифт. Барои ҳамин ҳам Усмонро шӯхиомез "ду карат домоди пайғамбари Аллоҳ" ё ки "соҳиби ду нур" меномиданд. Соли 656 дар Мадина мусулмонҳои аз Қуфа. Басра ва Миср гӯё барои хаҷ омада, бо дастгирии аҳолии маҳаллӣ ба муқобили Усмон шӯриш бардоштанд. Исёнгарон хонаи халифа Усмонро муҳосира карда, ӯро дастгир ва қатл намуданд.

Мубориза бар зидди Алӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди қатли Усмон ба тахти Хилофати Мадина писарамаки Муҳаммад (с) ва домоди ӯ, яъне шавҳари Фотима - Алӣ нишаст. Бар зидди Алӣ ду гурӯҳи душманонаш мубориза оғоз намуданд. Ба гурӯҳи якум хешовандони халифаи қатлкардашуда бо сардорни Талҳа ва Аззубайр дохил буданд, ки ба онҳо ҳамсари Муҳаммад - Ойиша низ ҳамроҳ буд. Вале соли 656 Алӣ Талҳа Аззубайрро дар наздикии Шаҳри Басра торумор кард. Роҳбарони асосии ин гурӯҳ кушта шуда, Ойиша асир афтод. Ин ҷанг "муҳорибаи уштур" ном мегирад. чунки Ойиша уштурсавор дар он ҳузур доштааст. Ҳамин тариқ, гурӯҳи якуми душманони Алӣ мағлуб шуданд.

Ба гурӯҳи дуюми муқобилони Алӣ хокими Сурия Муовия роҳбарӣ мекард. Ӯ нерӯи ҳарбӣ ва сарвати бузург дошт. Як қисми Қабилаҳои араби Ироқ Муовияро дастгирӣ мекарданд. Ба тахти хилофат нишаста, Алӣ ваъда дод, ки Арабистонро мисли Умар ҳукмронӣ хоҳад кард. Барои ҳамин ӯ мансабдоронеро, ки Усмон таъйин карда буд, аз вазифа сабукдӯш карда, заминҳояшонро кашида гирифт. Ин иқдом душманони Алиро дар шаҳри Мадина ва тамоми Арабистон боз ҳам зиёдтар кард. Алӣ дид, ки дар ин ҷойҳо дигар такягоҳи он қадар боэътимод надорад, қароргоҳихудро аз Шаҳри Мадина ба Шаҳри Куфа кӯчонд.

Соли 657 дар Алҷазираи наздикии Сиффини воқеъ дар соҳили рости дарёи Фурот дар байни нерӯҳои Муовия ва Алӣ задухӯрди калон ба амал омад. Дар ин муҳориба ягон тараф дастболо нашуд. Шахсони бонуфузи соҳибақл ба Алӣ пешниҳод намуданд, ки ӯ бояд мухолифати худро бо Муовия ба таври осоишта ҳаллу фасл намояд. Алӣ мувофиқи пешниҳод амал карда, бо Муовия сулҳ баст. Аз ин кори Алӣ як қисми лашкар ранҷида, ӯро тарк карда, аввал ба Бағдод ва баъд аз он ҷо ба тарафи чапи дарёи Даҷла равон шуданд. Шумораи Онҳо 12 ҳазор нафар буд. Тарккардагони Лашкари Алиро "хориҷшудагон", яъне рафтагон номиданд. "Хориҷшудагон" Алӣ, Муовия ва Амрро кофир ҳукм карда, бар зидди Онҳо ҷиҳод эълон намуданд. Сарфи назар аз қарори "хориҷшудагон" Алӣ бар зидди Муовия аз нав ҷанг оғоз накарда, бар зидди "хориҷшудагон" лашкар кашид. Дар сафҳои "хориҷшудагон" калавиш ба амал омад. Як қисми онҳо ба Алӣ пайвастанд. Қисме аз "хориҷшудагон" ба Куфа баргаштанд. Ҳамагӣ 2800 нафар "хориҷшудагон"-и густоху оштинопазир таҳти роҳбарии Ибни Ваҳҳоб дар муқобили Алӣ, Муовия ва Амр истоданд. Нерӯҳои Алӣ ва "хориҷшудагон" соли 658 дар Наҳравон дар муҳорибаи бузург бо ҳам вохӯрданд, ки дар он Алӣ ғалаба кард. Вале баъди ин ҳам "хориҷшудагон" муборизаро бар зидди Алӣ бас накарданд. Соли 661 яке аз онҳо хангоми даромадан ба масҷиди Куфа бо ханҷари заҳролуд Алиро зада кушт.

Бо ҳамин марҳалаи ҳукмронии халифаҳои ба Муҳаммад пайғамбар наздиктарин анҷом ёфт.

Пайвандҳои беруна[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Петрушевский И. П. Иран и Азербайджан под властью Хулагуидов (1256—1353 гг.) // Татаро-монголы в Азии и Европе : Сборник статей. — М.: Наука, 1977. — С. 232.
  2. Крымский А. Е. Омейяды // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  3. Фильштинский И. М. Халифат под властью династии Омейядов (661—750). — М.: Северо-принт, 2005. — 232 с. — 1 000 экз. — ISBN 5-900939-33-2.
  4. Шаблон:ВТ-МЭСБЕ

Таъсисёбии Хилофати Араб
Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "прим.", but no corresponding <references group="прим."/> tag was found