Jump to content

Силсилаи сонатавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Силсилаи сонатавӣ — шакли мусиқии бисёрқисма, ки дар он агар як қисмаш (одатан 1-ум) дар шакли соната навишта шуда бошад. Сохти ба таври махсус эҷодшудаи силсилаи сонатавӣ аз 4 қисм иборат аст: 1) сонатаи allegro – маркази драмавии силсила;

2) бахши суст лирикӣ-мулоҳизакунанда;

3) скертсоии (то Бетховен-менуэт), хусусияти интерметсодошта;

4) хушҳолона ё хотимаи тан-танавӣ-зиндадилона ба итмои расонидани силсила. Шакли сил-силаи сонатавӣ дар нимаи 2-ми асри XVIII дар эҷодиёти Ҳайдн, Мотсарт, Бетховен муайян гардида, баъдтар бо навовариҳои зиёде тағйир ёфт. Тартиби бахшҳо дигар шуд: скертсо ба ҷои 2-юм оварда шуд (дар Синфонияи нуҳуми Бетховен ва диг.), қисми суст дар охир-ба хотима (дар Симфонияи патетикии Чайковский ва диг.) гузаронида шуданд. Баъзе бахшҳо поин фароварда (мас., скертсо дар сонатаи «Аппассионата»-и Бетховен) ё баракс, бахшҳои иловагӣ дохил гардиданд ба болои 4 қисми анъанавии чорум (дар Симфонияи сеюм Чайковский-5 қисм, дар Симфонияи сеюми Малер-6 қисм ва ғайра).

Шакли силсилаи сонатавӣ қариб, ки ба таври истисно дар мусиқии созӣ истифода мешавад. Силсилаи сонатавӣ барои як кас ё ду нафар иҷрокунанда-соната номида мешавад, барои ансамбли калон-истилоҳот бо миқдори иштирокчиён нишон дода мешавад (трио, квартет, квинтет ва ғайра), барои оркестр-симфония, барои сози якканавоз ё оркестр-консерт. Барои ташаккули шакли силсилаи сонатавӣ композитрон Ф.Шуберт, Р.Шуман, Г.Берлиоз, И. Брамс, А.Брукнер, Г.Малер, П.Чайковский, А.Бородин, А.Глазунов, С.Прокофйев, Д.Шостакович нақши бузург бозиданд.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 351-352. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)