Волфганг Амадей Мотсарт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мотсарт)
Jump to navigation Jump to search
Волфганг Амадей Мотсарт
олмонӣ: Johann Chrysostomos Wolfgang Gottlieb Mozart
Wolfgang-amadeus-mozart 1.jpg
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд лот. Johannes Chrysostomus Wolfgangus Theophilus Mozart
Таърихи таваллуд 27 январ 1756(1756-01-27)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 декабр 1791(1791-12-05)[1][2][3][…] (35 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 17611791
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ, пиёнунавоз, мусиқидон, organist, скрипканавоз
Соз Арғунун, clavichord[d], Клавесин, fortepiano[d], скрипка, Алт (сози мусиқии торӣ), фортепиано ва pipe organ[d]
Сабк опера[9], симфонӣ, concerto[d], Мусиқии камеравӣ[10], string quintet[d], piano sonata[d], piano concerto[d], string quartet ensemble[d], Мусиқии симфонӣ, religious music[d] ва мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
Order of the Golden Spur
Соядаст
Соядаст
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор
Осор дар Викитека

Волфганг Амадей Мотсарт (1756-1791) — композитори бузурги австриягӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Гузаштагони ӯ усто буданд, падараш – мусиқичӣ. Аз сини 4-солагӣ Мотсарт дар клавесин ва скрипка менавохт, аз 6-солагӣ ба эҷоди мусиқӣ шурӯъ кард ва дар 7-солагӣ бо бадеҳанавозӣ дар клавесин, скрипка, арғунун бо мусиқинавозони машҳур бомуваффақият мусобиқа мекард. То сини 14-солагӣ Мотсарт ҳамчун композитори шинохта муаррифӣ гардид, операҳои ӯ дар Театри Милан иҷро мешуданд. Дар 15-солагӣ ӯро узви академияи мусиқии Болон ва Верон интихоб намуданд. Аз с. 1769 то 1781 (бо танафус) Мотсарт дар хори ҳофизони (каппела) дарбори апископи калони залтс-бургӣ хизмат мекунад.

Эҷодиёт[вироиш]

Волфганг Амадей Мотсарт то 18-солагӣ зиёда аз 30 симфония, 13 квартет, 14 соната ва ғ. асарҳо офаридааст. С. 1781 М. ба Вена, Утриш кӯч баст. Дар пойтахти имперотурии Утриш зистанаш, вақти шукуфоии эҷодиёташ оғоз шуд. Дар давраи дар Вена буданаш операҳои беҳтарини ӯ офарида шудаанд: «Арӯсии Фигаро» (1786), «Дон Жуан» (1787), «Флейтаи сеҳрнок» (1791), симфонияҳои бештар машҳураш, консертҳои фортепианӣ, сонатаҳо, квартетҳои торӣ, квинтетҳо, Реквиеми (марсия) овозадораш ва ғ. Операҳои Мотсарт – намунаҳои олии навъи нави асарҳои мусиқӣ – саҳнавӣ буда, композитор дар онҳо ислоҳоти жанри операро ба вуҷуд овард. Мотсарт – навовари ҳамаи жанрҳои мусиқии замони худ, офарандаи мусиқии гениалии он давра, ки рамзи зебоӣ ва гармонии ҷаҳониён гардид, мебошад.[11]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 RKDartists
  3. 3.0 3.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  4. 4.0 4.1 Моцарт Вольфганг Амадей // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. 5.0 5.1 http://www.oxfordreference.com/view/10.1093/oi/authority.20110803100213606
  6. https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/2414 — 1808.
  7. Wurzbach D. C. v. Mozart, Wolfgang Amadeus (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt habenWien: 1856. — Vol. 19. — S. 170.
  8. http://encyklopedie.idu.cz/index.php/Mozart,_Wolfgang_Amadeus
  9. https://web.archive.org/web/20201122231826/https://www.tandfonline.com/doi/pdf/10.1525/lal.2008.20.1.47
  10. http://www.musicweb-international.com/classrev/2014/Apr14/Brahms_quintets_CDA67900.htm
  11. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 235-236 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)