Тенор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тенор (итол. tenore лот. tenore доштан, равона кардан), 1) овози баланди мардонаро номанд, ки дар замони ривоҷи мусиқии вокалии калисоӣ (то садаи XVII) шакл гирифта, баъдтар дар санъати хорӣ сароҳанг (кантус фирмус)-ро иҷро мекард. Аввалҳо Тенор овози поёнӣ (дар хор ба ҳисоб мерафт ва танҳо баъд аз пайвастани овози бас дар асарҳои полифонӣ ба овози мобайнӣ мубаддал гашт[1] Ду намуди асосии Тенорро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: лирикӣ – бо тембри мулоим, ҳалим, латиф ва драмавӣ – то андозае ширадор, пурқувват, мардона. Мас., барои Тенори лирикӣ партияи Алфрейда дар операи «Травиата»-и Ҷ. Верди ва ғ. мисол шуда метавонад. Намунаҳои хос барои Тенори драмавӣ – Хосе дар операи «Кармен»-и Ж. Бизе, Канно дар операи «Паятса»-и Р. Леонкавалло ва ғ. Дар адабиёти мусиқӣ баъзан Тенори камшуда (1 тон), ҳамчунин зиёдшуда (2 ½ тон) ба назар мерасанд. Фосилаи Тенор дар гармонияи классикӣ нақши муҳим мебозад..). Аз ҳама намудҳои регистри баланд – Тенор – алтино ба шумор меравад (Ситорашинос дар операи «Золотой петушок»-и Н. Римский-Корсаков). 2) Дар мусиқии бисёровозаи хислатӣ – овоз (партия) байни бас ва алт. 3) Сози нафасии мисин бо регистри миёна: тембри гарм дошта, партияи он дар калиди «скипкавӣ» навишта мешавад ва аз навишти нотааш ба октава (баъзан ба нона) баланд садо медиҳад, нисбат ба навишти нотааш. 4) Барои аниқ муайян кардани номҳои баъзе созҳои мусиқии як оила, одатан дар регистри миёна (мас., саксафони тенорӣ, домраи тенорӣ, дутори тенорӣ ва ғайра). Овозхонони Тенори касбии тоҷик Аҳмад Бобоқулов, Абдулло Абдурауфов, Бурҳон Муҳаммадқулов, Низом Ҳамробоев ва чанд тани дигар дар ҷумҳурӣ номбардоранд. [2]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Тоиров Ш. Энциклопедияи адабиёт ва санъат. ҷилди 3. — Душанбе 2004. — С. 207
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 383 -384. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)