Симин Беҳбаҳонӣ
форсӣ: سیمین بهبهانی | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Симини Халилӣ |
Таърихи таваллуд: | 20 июл 1927[1] |
Зодгоҳ: | Теҳрон |
Таърихи даргузашт: | 19 август 2014 |
Маҳалли даргузашт: | Теҳрон |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1941 — 2014 |
Забони осор: | форсӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Симин Халилӣ (форсӣ: سیمین خلیلی) маъруф ба Симин Беҳбаҳонӣ (форсӣ: سیمین بهبهانی, 20 июли 1927, Теҳрон — 19 августи 2014, Теҳрон, Эрон) — муаллим, нависанда, шоир ва ғазалсарои муосири Эрон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз 14-солагӣ ба шеъргӯӣ пардохт. Нахустин ғазалаш соли 1941 дар рӯзномаи «Навбаҳор», ки бо мудирияти Маликушшуаро Баҳор интишор меёфт, чоп шуд. Нахустин маҷмӯаи ашъори Симин Беҳбаҳонӣ «Сетори шикаста» (1951) аксаран аз чаҳорпора иборат буд. Дар маҷмӯаҳои «Ҷойи пойи озодӣ» (1956), «Чилчароғ» (1957), «Мармар» (1963), «Растохез» (1973), «Хатте зи суръату оташ» (1982), «Дашти Аржанг» (1984), «Як даричаи озодӣ» (1996), «Яъне масалан, ин ки…» (2000) ва монанди онҳо таҳаввули тадриҷии маҳорати шоирии Симин Беҳбаҳонӣ ҳамчун як шоираи тавонои нимаи дувуми садаи XX ва даҳаи аввали садаи XXI-и Эрон ва ҳамаи форсизабонони ҷаҳон ҳувайдо мегардад. Шоира агарчи дар аксари анвои шеъри классикӣ, аз қабили қитъа, маснавӣ, дубайтӣ ва ғазал шеър мегӯяд, аммо ҳамчун шоири ғазалсаро муъруфияти бештар дорад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар эҷодиёти Симин Беҳбаҳонӣ нишебу фарозҳои шеъри нимаи дувуми садаи XX инъикос ёфтаанд. Тавре ки аз маҷмӯаҳои «Сетори шикаста», «Ҷойи пойи озодӣ» ва «Чилчароғ» ба назар мерасад, дар марҳалаи аввали эҷодиёти шоира мавзӯи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва рӯзгори тираву тори мардуми заҳматкаши кишвараш дар шеъраш ҷойгоҳи намоён дорад. Аммо дар солҳои 60 садаи XX батадриҷ масоили фалсафию ирфонӣ, мақоми инсон дар Олами кабир, инсон ва Худо, ҷаҳони маънавию ботинии шахсӣ ва амсоли онҳо меҳвари асосии шеъри Симин Беҳбаҳонӣ қарор мегиранд ва ин ҳамаро ӯ дар ғазал баён мекунад. Шуҳрати беандозаи шоира низ маҳз дар эҷоди ғазалу ғазалвораҳояш аст. Бадарёин ҷиҳат ӯ дар байни ҳаводоронаш бо номҳои «Нимои ғазал» ва «Ғазалбону» маъруфу машҳур гаштааст. Аз ҷумлаи вижагиҳои ғазалиёти Симин Беҳбаҳонӣ дамидани рӯҳи замон дар пайкараи ғазал аст. Ӯ мекӯшад ба шеър тозагӣ диҳад ва онро аз кӯҳнагию шаклпарастӣ озод намояд. Ӯ тавонист ба ғазал вазнҳои тозае ворид намояд, ки минбаъд дигарон ба ин шева пайравӣ намоянд. Шеъри Симин Беҳбаҳонӣ дар ҳақиқат шеъри андешаву маънист ва аз назари сохтору бакоргирии орояҳои адабӣ низ қобили таваҷҷуҳ аст.
Симин Беҳбаҳонӣ илова бар ин ки ба назму насри куҳани форсӣ тасаллут дорад, бо адабиёти Ғарб, махсусан Фаронса, хуб ошност; аз ашъори шоирони ин сарзамин намунаҳое низ ба форсӣ тарҷума кардааст. Аз тарафи дигар, ашъори худи ӯ ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, ҳолландӣ, шведӣ ва ғ. тарҷума шудааст ва беш аз сад тан аз мунаққидону шоирону нависандагони Эрон дар бораи шеъри Симин Беҳбаҳонӣ нақду назарҳое навиштаанд. Намунае аз ашъори Симин Беҳбаҳонӣ:
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Эй рафта зи дил, рафта зи бар, рафта зи хотир!
Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам.
Бар ман манигар, з-он ки ба ҷуз талхии андӯҳ,
Бар хотир аз он чашми сиёҳи ту надорам.
Эй рафта зи дил, рост бигӯ! Баҳри чӣ имшаб,
Бо хотираҳо омадаӣ боз ба сӯям?
Гар омадаӣ аз пайи он дилбари дилхоҳ,
Ман ӯ наям, ӯ мурдаву ман сояи ӯям!
Ман ӯ наям, охир дили ман сарду сиёҳ аст,
Ӯ дар дили савдозада аз ишқ шарар дошт,
Ӯ дар ҳама ҷо, бо ҳама кас, дар ҳама аҳвол,
Савдои туро, эй бути бемеҳр, ба сар дошт.
Ман ӯ наям ин дидаи ман гунгу хамӯш аст,
Дар дидаи ӯ он ҳама гуфтор ниҳон буд.
В-он ишқи ғамолуда дар он наргиси шабранг,
Мармузтар аз тирагии шомгаҳон буд.
Ман ӯ наям, оре, лаби ман ин лаби беранг,
Дерест, ки бо хандае аз ишқи ту нашкуфт.
Аммо ба лаби ӯ ҳама дам хандаи ҷонбахш,
Маҳтобсифат бо гули шабнамзада мехуфт.
Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам,
Он кас, ки ту мехоҳияш аз ман, ба Худо, мурд!
Ӯ дар тани ман буду надонам, ки ба ногоҳ,
Чун диду чиҳо карду куҷо рафту чаро мурд?!
Ман гӯри ваям, гӯри ваям, бар тани гармаш,
Афсурдагию сардии кофур ниҳодам,
Ӯ мурдаву дар синаи ман ин дили бемеҳр,
Сангест, ки ман бар сари он гӯр ниҳодам.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сетори шикаста (1951)
- Ҷои По (1954)
- Чиҳил чароғ (1955)
- Мармар (1961)
- Растоxез (1971)
- Хатте зи суръату оташ (1980)
- Дашти Аржан (1983)
- Коғазин ҷома (1992
- Як даричаи озодӣ (1995)
- Маҷмуъаи ашъор (2003)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Anderson K. Encyclopædia Britannica (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Наҷмонов Ф. Оҳангҳои иҷтимоӣ дар ашъори Симини Беҳбаҳонӣ// Маҷм. Восточная филология. Вып. 3. Д., 1974;
- История персидской литературы XIX—XX веков. М., 1999;
- Шеърдӯст А., Шеъри муосири Эрон. Д., 2012.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беҳбаҳонӣ Симин / О. Хоҷамуродов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 июл
- Зодагони соли 1927
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Теҳрон
- Даргузаштагони 19 август
- Даргузаштагони соли 2014
- Даргузаштагони шаҳри Теҳрон
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирони Эронӣ
- Шоираҳои порсигӯй
- Шоирони асри XX