Jump to content

Ситам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зулм (ар. ظلم‎ — ниҳодани чизе дар ғайри ҷойи худ), ситам, бедод, ҷавр — сифати зишт ва разилаи ахлоқӣ; таҷовуз аз ҳақ ба ботил, тасарруф дар мулки ғайр бе иҷозати молики он ва аз ҳад гузаштан; муқобили адл ва дод.

Зулм инҳироф аз эътидол (ҳадди васат) ба сӯи ифрот буда, инҳироф аз эътидол ба сӯи тафрит инзилом (қабули зулм) номида мешавад. Фарди мубтало ба зулм аз роҳҳои нописанду накуҳида, тасарруф дар ҳуқуқ ва амволи мардум асбоби маоши худро ба даст меорад. Чун роҳҳои расидан ба молу сарват бисёр аст, золим аз ҳеч равише парҳез намекунад. Дар ахлоқномаҳои эронӣ (форс-тоҷик) ба зулмҳои фардӣ ва нақз (поймол кардан)-и ҳуқуқи моддиву маънавии инсонҳо бештар таваҷҷуҳ шуда, рафтору кирдорҳои зишту нописанди золимон мавриди мазаммату накуҳиш қарор гирифтааст. Дар аксари мавридҳо ҳокимону амирони давр аз оқибатҳои баду ногувори зулм ҳушдор дода, ба риояи адлу дод даъват шудаанд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ («Ахлоқи Муҳсинӣ») қавли ҳукаморо меорад, ки фармудаанд: «Адл хубтарин фазилат аст ва зулм зишттарин разолат». Имом Ғаззолӣ («Кимиёи саодат») дурӣ ҷустан аз золимонро авлотар шумурда, бо ситамгарон ва касоне, ки бо онҳо робита дошта бошанд, мухолатат (алоқа) карданро раво надоштааст.

Дар рӯзгори муосир, бинобар тасвиби Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, тадвини ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва дигар санадҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, дар баробари баррасии паҳлуҳои сиёсии масъалаи зулм, ҷанбаҳои иҷтимоии он низ васеъ арзёбӣ мешавад.

Зулм чӣ-бвад? Вазъ дар номавзее,
Ки набошад ҷуз балоро манбае...
Адл чӣ-бвад? Об деҳ ашҷорро!
Зулм чӣ-бвад? Об додан хорро.

Маснавии маънавӣ

Ҳар куҷо адл рӯй бинмудаст,
Неъмат андар ҷаҳон бияфзудаст.
Ҳар куҷо зулм рахт афкандааст,
Мамлакатро зи бех баркандааст.

Саноӣ

Чашми дил боз кун зи рӯи яқин,
Зулми Ҳаҷҷоҷу адли Кисро бин!
Ин яке кофиру писандида,
В-ин мусулмон, вале накуҳида.

Саноӣ