Jump to content

Сияҳгӯш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сиёҳгӯш)
Сияҳгӯш
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Juno nicolai
Вазъияти ҳифз

Сияҳгӯш, сиёҳгӯш, гули сияҳгӯш (лот. Juno nicolai) — як навъ гули худрӯи аввали баҳор; гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбех.

Аҳамият ва мақоми илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намуди камёфт ва нодир, дар шароити табиӣ ниҳоят кам дучор меояд.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулаш бунафш (дарозиаш 12-14 см), найчаи пояаш хокистарранг. Моҳи январ-апрел гул карда, апрел-май самар меорад.

Дар Тоҷикистони Марказӣ ва ҷанубӣ (қаторкӯҳҳои ҳисор, Вахш, Ҳазратишоҳ, Ғозималик) ва ноҳияҳои ҳамшафати Ӯзбекистон дучор меояд. Дар Афғонистон низ месабзад.

Муҳити рушд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нишебиҳои хокӣ, бештар дар ҷангалзори омехтаи гармсер (бодомзор, тӯғзор ва ғайра) дар баландии аз 900 то 2000 м аз сатҳи баҳр месабзад. Ба J. rosenbachiana (Regel) Vved. (ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.

Гули зебои навбаҳор аст. Баҳорон сокинони шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ даста-даста сиёҳгӯш мечинанд. Ба таври оммавӣ бо бехаш ҷамъ кардани гули сиёҳгӯш ба нашъунамои он таъсири бад мерасонад.

Аз тухм ва пиёзак зиёд мешавад. Дар боғи набототи шаҳри Душанбе ва шаҳри Кӯлоб сиёҳгӯшро парвариш мекунанд.

  1. Об условности указания класса однодольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Однодольные».