Сиёҳчаи Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сиёҳчаи Ҳофиз

Сиёҳчаи Ҳофиз, ё Ҳофизи Сиёҳча (? — қарни XV) — мусиқидон, хонанда, навозанда ва оҳангсози форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳирот ба дунё омада, санъати мусиқиро аз падараш Саиди Ҳофиз омӯхтааст. Cиëҳчаи Ҳофиз дар машшоқӣ ва сурудани соқиномаю ҷангномаҳо бо бузургтарин ҳофизони давраш Султонмуҳаммади Айшӣ, Ҳофизи Ӯбаҳӣ, Ҳофизи Ҳасаналӣ ва дигарон ҳамсоя будааст.

Сиëҳчаи Ҳофиз чандин савту амал, нақш, пешрав ва таронаҳоро ба зарбу усули мақомҳои «Ироқ», «Ушшоқ», «Рост» тасниф намудааст, ки «Савти Сиёҳча», «Амали Сиёҳча», «Нақши Ҳофиз», «Пешрави Сиёҳча» ва ғайра аз ҷумлаи онҳост. Сиëҳчаи Ҳофиз барои шогирдаш Шоҳҳусайни Ҳофиз ду асар бо номи «Нақши Ҳусайнӣ», «Амали Ҳусайнӣ» тасниф кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сиёҳчаи Ҳофиз / А. Раҷабов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).