Скрипкаи якум
Зоҳир
Скрипкаи якум — гурӯҳи скрипкаҳо дар оркестри симфонӣ ё ансамбли камеравӣ кадоме аз ҳама нақши асосиро ба онҳо месупоранд: овози асосӣ, болоиро иҷро карда, онҳо ба вуҷудоварандаи таъсирбахшии оҳанг, оғози садобарории умумии оркестрро таъмин мекунанд. Партияи скрипкаҳои якум ниҳоят муҳим ва масъулиятнок аст (аз ин аст, ки халқ мегӯяд: «скрипкаи якумро мебояд навохт»). Дар оркестри калони симфонӣ адади скрипкаҳои якум ба 20 нафар мерасад, ки аз миқдори мусиқичиёни дар ҳама гурӯҳҳои дигар чанд баробар зиёд аст. Скрипкаҳои якум дар партитура дар гурӯҳи торӣ дар хати аввал навишта мешаванд ва дар оркестр аз тарафи чапи дирижёр дар сафи пеш ҷойгир мебошанд.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.358. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |