Оркестри симфонӣ
Оркестри симфонӣ — аз ҳама мукаммалтарин ва машҳуртарин оркестрҳо, ки хеле таъсирбахш мебошад. Оркестрҳои симфонии калон зиёда аз 100 навозанда доранд. Имкониятҳои тембрӣ (лаҳнҳои нафиси созҳои мусиқӣ) ва динамикӣ (серҳаракатӣ)-и ниҳоят калонанду хушобуранганд. Аз ин рӯ, он дар ҳақиқат ба даст оварандаи қуллаҳои баландтарини санъати мусиқӣ-иҷрокунандагӣ ба ҳисоб меравад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Оркестри симфонӣ дар давоми садсолаҳо дар асоси рушди ансамблҳои операвӣ ва калисоӣ ташаккул ёфтааст. Чунин коллективҳо дар а. XV-XVII начандон калон ва ҳархела буданд. Дар ҳайати онҳо лютнияҳо, виолаҳо, флейтаву гобой, трамбону арфа ва барабанҳо дохил мешуданд. Рафта-рафта созҳои тории камончадор мавқеи асосиро ба даст дароварданд. Ҷои виоларо скрипкаҳо бо садои ширадори хушсадояшон иваз намуданд ва онҳо аллакай дар аввали а. XVIII дар оркестр бартарӣ пайдо карданд. Созҳои нафасӣ - флейтаҳо, гобойҳо ва фаготҳо ба гурӯҳи алоҳида ҷудо гардиданд. Чунин ҳайати оркестр барои И. С. Бах, Г. Ҳендел, А. Вивалди хости талабот буд. Аз нимаи а. XVIII сар карда, жанри симфонӣ ва контсертҳои созӣ (инструменталӣ) рушд меёбанд ва вазифаи бисёр созҳо иваз мешаванд. Дар охири а. XVIII тавре мегӯянд, ҳайати оркестри классикӣ ба вуҷуд омад: қариб 30 адад созҳои торӣ, 2 флейта, 2 гобой, 2 фагот, 2 труба, 2-3 валторна ва литавраҳо. Баъдтар ба созҳои нафасӣ кларнет ҳамроҳ карда шуд. Барои чунин ҳайати оркестр И. Ҳайдн, В. Мотсарт асар эҷод кардаанд. Ин ҳайатро Л. Бетховен низ дар асарҳои аввалинаш ба кор бурдааст. Дар а. XIX оркестри симфонӣ асосан бо ду самт ривоҷ ёфт. Аз як тараф ҳайати он инкишоф ёфта, бо бисёр намуди созҳо ғанӣ гардид, ки дар ин кор саҳми композиторон-романтикҳо, дар навбати аввал Берлиоз, Лист, Вагнер бисёр калон аст. Аз дигар тараф, инкишоф ёфтани имкониятҳои дохилии оркестр: рангубор ва садодиҳӣ тоза гардид, фактура (тобиш)-равшантар, таъсирбахшии манбаъ камсарф шуданд (чунин аст оркестри Глинка, Чайковский, Римский-Корсаков). Як зумра композиторони охири а. XIX - нимаи аввали а. XX (Р. Штраус, Малер, Дебюсси, Равел, Ставинский, Барток, Шостакович) маҷмӯи воситаҳои бадеии оркестрро хеле ғанӣ гардониданд.
Оркестри симфонии ҳозира аз 4 гурӯҳи асосӣ иборат аст:
- Гурӯҳи созҳои торӣ — скрипкаҳо, алтҳо, виолончелҳо, контрабасҳо пояи оркестрро ташкил медиҳанд. Мусиқичиёне, ки дар созҳои торӣ менавозанд, миқдори аз 2\3 дарсади ҳамаи ҳайатро ташкил мекунад.
- гурӯҳи созҳои нафасии чӯбин — флейтаҳо, гобойҳо, кларнетҳо ва фагодҳо дохил мегарданд, ки одатан ҳар кадоме аз онҳо навозиши (партияи) мустақили худро доранд ва дорои садодиҳии пурқуввати бештар, садобарории зич, хушрангии тобиши ҷилои равшан мебошанд.
- гурӯҳи созҳои нафасии мисин — валторна, труба, тромбон, туба дохил мешаванд. Онҳо ба оркестр рангҳои пурҷилои тоза ворид месозанд, имкониятҳои динамикӣ (серҳаракатӣ)-ро ғанӣ мегардонанд, ба садодиҳӣ иқтидориву дурахшӣ оварда, инчунин такягоҳи пояи ритмикии он мегардад.
- созҳои зарбӣ дар оркестри симфонӣ мавқеи босазое доранд. Вазифаи асосии онҳо нигоҳ доштани ҳаракатҳои ритмӣ мебошанд. Ғайр аз ин онҳо заминаи садои ғулғулаангезро ба вуҷуд меоваранд, маҷмӯи воситаҳои бадеӣ (политра)-и оркестрро пурратару зебо ва образнокиро таъсирбахш месозанд.
Созҳои зарбӣ бо хислатҳои садодиҳияшон ба 2 намуд тақсим мешаванд: якеҳо дорои садоҳо бо баландии муайян аст (литавраҳо, колоколчикҳо, ксилофон, колокола ва ғайра), дигарашон аз садои баландии муайяндошта маҳруманд (бубен, треуголник, барабанҳои хурду калон, лаълиҳои биринҷӣ). Аз созҳое, ки ба гурӯҳҳои асосӣ ворид нашудаанд, арфа бештар истифода бурда мешавад. Композиторон дар оркестр челеста, фортепиано, саксафон, арғунун ва дигар созҳоро ғайри мунтазам ворид месозанд.
Барои оркестри симфонӣ адабиёти зиёд офарида шудааст (симфония, сюита, поэма, увертюра ва ғайра). Оркестри симфонӣ иштирокчии бевоситаи спектаклҳои мусиқианд (операҳо, балетҳо, оперетта), ҳамчунин (ораторияҳо, кантатаҳо ва ғайра). Дар ҷаҳон садҳо коллективҳои симфонии аълосифат вуҷуд доранд, ки бисёрии онҳо дар тамоми дунё машҳуранд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.287-288. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)