Jump to content

Солеҳҷон Собирҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Солеҳҷон Собирҷонов
Солеҳҷон Собирҷонов
Таърихи таваллуд 8 феврал 1947(1947-02-08) (77 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ забоншинос
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Солеҳҷон Собирҷонов (08.02.1947, н. Совет (ҳоло – н.Темурмалик), забоншинос, омӯзгор. Номзади илмҳои филология (1985), дотсент (1990).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солеҳҷон Собирҷонов дар фак. фил. Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст (1965–70). Ассис. каф. заб. тоҷ. Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1970–71). Ассис., муаллими калон (1973–1990), дотс. каф. заб. тоҷ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1990–1996), муд. каф. заб. ва адаб. тоҷ. ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, 1996–1998), ноиби рек. оид ба тарбия ва фарҳанги Дон. мазкур (1998–2000), муд. шуъбаи таълимию методӣ (2000–2006), муд. шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалӣ, сардори шуъбаи тарбия (2006–2009), муд. каф. заб.-ҳои ДСХТ (2009–2012). Аз соли 2013– дотс. каф.заб. тоҷ. ва русии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мавзӯи «Ҷумлаҳои саволии хоса дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» рисолаи номз. дифоъ кардааст (1985). Муаллифи беш аз 110 асару мақолаи илмӣ-тадқ., илмӣ-услубӣ ва илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла: «Ҷумлаҳои саволии муқобилмаъно», «Ҷумлаҳои таркибан устувори саволӣ», «Ҳусни сухан», «Як навъи ҷумлаи саволии водоркунанда», «Вазифаи воҳидҳои забон дар ҷараёни гуфтор», «Бахшандаи меҳри сухан»», «Ҷумлаҳои саволии эҳсосӣ», «Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ – русӣ» (Бо ҳамкории Қосимова М.Н., Искандарова Д., Ҳасанов А., Д., 2002), кит. «Забони англисӣ дар иқтисодиёт» (бо ҳамкории Яъқубова В.А., Иброҳимова Ш., Д., 2011) ва ғ. Бо чандин Грам. Фахрӣ ва Сипосномаҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — С. 151. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6