Соли Нав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Коллаж. Ҷашнгирии Соли Нав дар гӯшаҳои ҷаҳон

Соли нав - ин вақтест, ки дар он соли тақвимӣ - Тақвими Григорианӣ оғоз мешавад ва соли тақвимӣ як адад зиёд мешавад.

Таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Соли Нав[вироиш]

Соли нав яке аз қадимтарин идҳост, ки инсоният ҷашн мегирад. Таърихи ҷашнгирии он чандин ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Нигаред мақолаи асосӣ Таърихи ҷашнгирии Соли Нав.

Урфу одатҳои солинавӣ[вироиш]

Соли нав яке аз он идҳост, ки онро дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд. Вале ҷашнгирии он дар байни ҳар як халқ хусусияти хосеро дорост. Нигаред мақолаи асосӣ Урфу одатҳои солинавӣ.

Ҷашнгирии Соли нави мелодӣ аз 1 январ бо фармони император Гай Юлий Сезар соли 46 то милод дар Рими Қадим ҷорӣ шуда буд. Моҳи январ аз номи Янус – худои дурӯя, таҷасумгари дару дарвоза, интохобҳо ва нахустин корҳо гирифта шудааст.

Соли 1700 бо фармони император Пётри I Соли нав дар Русия ба монанди дигар давлатҳои Аврупо аз 1 январ (мувофиқи солшумории Юлианӣ) ҷашн гирифта мешавад.

Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар ИҶШС мувофиқи Тақвими Григорианӣ таҷлил мегардад. Аз 23 декабри соли 1947 бо укази Президиуми Совети Олии ИҶШС 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ аз рӯи Тақвими Григорианӣ давом дорад.

1 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат аст.

Пайвандҳо[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: