Урфу одатҳои солинавӣ
Урфу одатҳои солинавӣ — тайёрӣ ба ҷашнгирии Соли Нав дар ҳар як оила чанд рӯз пеш аз ид сар мешавад. Одамон хонаҳоро оро медиҳанд, дарахти арча мегузоранд, ва мизи идона мегустуранд.
Ҳарчанд ки баъзе маҳсулот дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд, урфу одатҳои халқҳои гуногун ба интихоби хӯрокҳои мизи идона таъсири худро мерсонанд.
Масалан, ҷопониҳо хӯрокро аз маҳсулоте тайёр мекунанд, ки ба ақидаи онҳо хушбахтӣ меорад: аз карами баҳрӣ (шодӣ), аз лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), аз моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву рӯҳбаландӣ) ва ғайраҳо.
Дар рӯи мизҳои идонаи Австрия, Венгрия, Югославия қариб, ки ягон хӯрокеро аз гӯшти паранда вохӯрдан номумкин аст – аҳолии ин кишварҳо чунин мешуморанд, ки хушбахтӣ метавонад парида равад.
Дар шаби соли нав кубагиҳо, испаниҳо, португалиҳо бояд 12 донаи ангурро бихӯранд, - 12 орзуе, ки бояд ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад, зеро ангур дар ин халқҳо рамзи фаровонӣ ва хушбахтии оилавӣ мебошад.
Чормағз, мош ва ангур барои итолиёвиҳо рамзи саломатӣ, комёбиҳо ва дарозумрӣ мебошанд. Дар Русия бошад қариб ҳар як мизи идонаро пирогҳо, карамшӯрбо ва таомҳо аз моҳӣ оро медиҳанд. Дар Словакия ва Чехия дар мизи идона ҳатман карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои занбӯруғӣ, печенйеи асалӣ бо шир бояд бошанд.
Иди Соли Навро дар Фаронса метавон иди "сафедиҳо" номид. Дар рӯи миз шамъдонҳои сафед бо шамъҳои сафед, меваҳои тару тозаи бо шакар рӯйкашшуда гузошта мешаванд. Дар Италия ҳам таомҳои анъанавии солинавӣ ҳастанд. Масалан, дар Болоня, ин пироги гӯштӣ бо қаймоқ, ки номаш тортелинист, мебошад.
Дар Лаҳистон ба мизи ҳатман бо дастархони сафед орододашуда, 13 намуди хӯрок гузошта мешаванд. Хӯроки солинавӣ бо шӯрбо аз моҳӣ ё замбӯруғ сар мешавад, баъд паси ҳам: карам бо занбӯруғ, пирожки, моҳӣ бо соуси ширин ва ғ.-ро меоранд. Аз ҳама охир печенйе, шарбат ва меваҷот ба дастархон гузошта мешаванд.