Jump to content

Соли иҷтимоии довталабона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Соли иҷтимоии довталабона (Freiwilliges soziales Jahr ё FSJ "эфэсйот" ) як намуд Хадамоти довталабонаи иҷтимоӣ дар Олмон аст, ки дар муассисаҳои ба манфиати ом нигаронидашуда, аз ҷумла дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи кӯдакон ва ҷавонон, аз ҷумла муассисаҳои таълимии беруназмактабӣ ва муассисаҳои кор бо ҷавонон, парасторгоҳҳо, хадамоти ҳифзи ёдгориҳои маданию таърихӣ ё созмонҳои варзишӣ амалӣ карда мешавад. Ин фаъолият дар миқёси хурдтар дар Австрия низ вуҷуд дорад. Дар муқоиса бо Хадамоти добталабонаи федеролӣ, он аз ҷониби ҷавонони аз 16 то 26 сола ҳамчун як шуғли мададрасонӣ бо мақсади омӯхтани кори нав варзида мешавад. Дар калисои протестантӣ он ҳамчун Соли Диаконалӣ низ маълум аст. Соли иҷтимоии довталабона (FSJ) дар Олмон дар доираи Қонуни Хадамоти довталабонаи ҷавонон (JFDG) амал менамояд.

Маълумоти умумӣ оид ба СИД

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ташкилоти ҳамоҳангсоз, корфармо, масъалаи молиявӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли иҷтимоии довталабона ё FSJ аз ҷониби Ташкилоти ҳамоҳангсози (Träger) расман тасдиқшуда амалӣ карда мешавад. Масалан, иттифоқҳои ҷавонон, иттиҳодияҳои иҷтимоӣ, ҷомеаҳои динӣ, инчунин ҳукуматҳои федеролӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ҳамчун ташкилотҳои ҳамоҳангсоз расман пазируфта шудаанд. Фаъолият дар муассисаи корфармо (Einsatzstelle) танҳо дан он ҳолат сурат мегирад, ки он қаблан аз ҷониби ташкилоти ҳамоҳангсоз эътироф шуда бошад. Корфармоҳои зиёд одатан аз ҷониби як ташкилот ҳамоҳанг карда мешаванд. Ба ғайр аз ҳамоҳангсозии корфармоҳо, ташкилот бештар вазифаҳои таълимотӣ, ташкилотӣ ва махсусан ҳуқуқиро ба дӯши худ мегирад.

Асоси фаъолияти FSJ шартномаи хаттии байни ташкилоти ҳамоҳангсоз ва довталабон мебошад, ки бояд пеш аз оғози кор баста шавад. Ҷои кор ё корфармо инчунин метавонад ба шартнома ҷалб карда шавад, вақте ки ӯ аз ҳисоби худ маоши кориро барои хобгоҳ, хӯрок, либоси корӣ ва ғайраро ба дӯш бигирад. Пардохтҳо аз корфармо ба ташкилоти ҳамоҳангсоз барои ҳаққи хизмат ё барои парастории довталабон аксари вақт дар шакли нархи ҳамвор анҷом дода мешаванд. Пардохтҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ ва Иттифоқи касаба (BG)/суғурта барои садама одатан мустақиман аз ҷониби корфармо супорида мешаванд. Ҳамин тариқ, корфармо барои ҳар як довталаб тақрибан аз 500 то 1000 евро маоши моҳона ҷудо мекунад (вале онҳо аз минтақа ба минтақа хеле фарқ мекунанд). [1] [2]

Вақтҳои корӣ ва маош

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вақти кории довталабони соли иҷтимоӣ аз шарту шароити корфармо вобаста аст, вале аз рӯи меъёри соатҳои ҳафтаинаи дар тарифҳои давлатӣ муқарраршуда маҳдуд карда мешавад. Ин меъёр тақрибан 39 соат дар як ҳафтаро ташкил медиҳад. Бо сабабҳои шахсӣ (масалан, нигоҳубини хешовандон, волидайни танҳо) икмонпазир аст, қисман, зиёда аз 20 соат дар як ҳафта фаъолият намуд.

Маош (маблағ барои харҷи кисса, хӯрок, манзил, ҷуброни хароҷоти нақлиётӣ) аз ташкилот ба ташкилот зиёд фарқ мекунад. Агар ҷои хоб ва хӯрок таъмин нашаванд, пас харҷи онҳо ба таври моддӣ баргардонда мешавад (корфармо барои таъмини манзил вазифадор нест).

Добталабон инчунин корти довталаби соли иҷтимоӣ мегиранд, ки ба онҳо имкон медиҳад аз тахфифҳо дар макону хизматрасониҳои гуногун истифода баранд.

Парастории таълимӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қонуни Хадамоти довталабонаи ҷавонон барои довталабон парастории таълимиро пешбинӣ намудааст, ки аз ҷониби ташкилоти ҳамоҳангсоз таъмин карда мешавад. Ба ғайр аз парастории инфиродӣ, довталабон дар чорабиниҳои тарбиявӣ ва таълимӣ иштирок мекунанд. Чорабиниҳо аз семинари шиносоӣ, як ё ду семинари фосилавӣ ва семинари ҷамъбастӣ иборат буда, ҳар кадоми онҳо на камтар аз панҷ рӯз давом мекунанд. Илова бар ин, панҷ рӯзи омӯзишӣ (мисол, мустақилона омода намудани лоиҳа ё барнома дар ҷои кор) гузаронида мешаванд. Давомнокии умумии семинарҳо ва рӯзҳои омӯзишӣ дар давоми FSJ ҳадди аққал 25 рӯзро дар асоси FSJ-и дувоздаҳ-моҳа ташкил медиҳад. Семинарҳо ва рӯзҳои омӯзишӣ ҳамчун вақти корӣ ба ҳисоб мераванд ва иштирок дар онҳо ҳатмист. Довталабон дар тарҳрезӣ ва татбиқи семинарҳо иштирок варзида таҷрибаҳои гуногуни кории заруриро соҳиб мешаванд.

Вобаста аз соҳаи фаъолият ва ташкилоти ҳамоҳангсоз, довталабон ҳама гуна коромӯзии (Ausbildung) зарурӣ ё таҳсилоти иловагиро (Fortbildung) мегиранд. Дар бахши варзиш ин одатан коромӯзӣ ба ҳайси тренер ва дар хадамоти наҷотдиҳӣ, коромӯзӣ ба ҳайси ёвари наҷотдиҳӣ ё имдодгари наҷотдиҳӣ мебошад. Вобаста аз ташкилоти ҳамоҳангсоз, корфармо ва мӯҳлати FSJ, маблағи таҳсилотии коромӯзӣ мутаносибан ё одатан пурра пардохт карда мешаванд.

Шумораи созмонҳо ва соҳаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Логотипи Соли иҷтимоии довталабонаи фарҳангӣ
Логотипи Соли иҷтимоии довталабонаи сиёсӣ

мини|250x250пкс| Логотипи Соли иҷтимоии довталабонаи варзишӣ

Соҳаҳо барои анҷом додани Соли иҷтимоии довталабона гуногунанд ва иҷтимоӣ, хайриявӣ ё ғайритиҷоратӣ мебошанд. Бо ислоҳи қонуни FSJ дар соли 2002, соҳаҳои нави корӣ эҷод карда шуданд. Ҳоло дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш, сиёсат, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва модели нав, FSJ-Digital (аз тирамоҳи соли 2015 танҳо дар Рейнланд-Пфалтс ва Саксония-Анҳалт) фаъолият намудан мумкин аст.

Соҳаҳои корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

FSJ-довталабон дар соҳаҳои зерин кор мекунанд:

  • Хадамоти наҷотдиҳӣ
  • Кӯмаки иҷтимоӣ ва кор бо маъюбон
  • Парастории нашъамандон
  • Парастории одамони аз хушунат зарардида
  • Парастории гурезагон ва одамони муҳоҷир
  • Парастории одамони бе ҷои истиқомат
  • Парастории кӯдакон
  • Кор бо кӯдакон
  • Кор бо ҷавонон
  • Кор бо пиронсолон
  • Кор дар беморхонаҳо

Истинодҳои веб

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Leitfaden für Einsatzstellen, FSD Erzbistum Köln, 2018. 25 ноябри 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 сентябри 2018.
  2. Navigator durch die Freiwilligendienste im Sport in Nordrhein-Westfalen, Sportjugend Nordrhein-Westfalen, 2020. 25 ноябри 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2023.