Сомӣ Юсуф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сомӣ Юсуф
озарбойҷонӣ: Sami Yusuf, форсӣ: سامی یوسف
Sami Yusuf 2011 cropped.jpg
Соли 2011 дар Копенгаген
Иттилооти асосӣ
Санаи таваллуд

21 июл 1980(1980-07-21) (39 сол)

Зодгоҳ

Теҳрон

Солҳои фаъолият

2003 - то ҳозир

Кишвар
Касб(ҳо)

сароянда

Асбоб

вокал[d]

samiyusufofficial.com
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

Сомӣ Юсуф (озарбойҷонӣ: Sami Yusuf, форсӣ: سامی یوسف‎; тав. 21 июли 1980, Теҳрон[1]) — сарояндаи британӣ, композитор, инструменталист, дипломат.

Зиндагинома[вироиш]

Сомӣ Юсуф соли 1980 дар Теҳрон дар оилаи озарбойҷониёни эронӣ таваллуд шудааст. Дар синни 3 солагӣ ӯ ҳамроҳи волидонаш ба Британия кӯч баст ва то ҳол дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Аз айёми кӯдакӣ бо лавозимотҳои гуногун мусиқӣ менавохт ва дар Академияи Шоҳии Мусиқинавозон таҳсил мекард. Дар интервюи рӯзноманигорони Озорбайҷон соли 2009 гуфта буд, ки падару модараш озорбайҷонӣ, вале бобо ва бибиаш аз Эрон буданд.

Нахустин албоми худро бо номи Al-Mu’allim соли 2003 бароварда буд, ки баъди он соҳиби бисёр мухлис аз ҳар кунҷи дунё гашт. Дуввумин албоми ӯ Мy Ummah соли 2005 баромада буд. Нахустин ду албоми ӯ бо шумораи 1,5 млн нусха фурӯхта шуда, дар хит-парадҳои давлатҳои араб ва Туркия ҷойҳои болотаринро гирифтанд. Суруди маъруфи ӯ «Ҳасби Робби» аз ҳама суруди бо теъдоди зиёди бафурӯшбаромада аст, ки онро дар телефонҳои мобилӣ, мошинҳо, қаҳвахонаҳо ҳаррӯза аз Қоҳира то Димишқ метавон шунид.

Дискография[вироиш]

  • Al-Mu'allim — июли 2003
  • My Ummah — сентябри 2005
  • Without You — январи 2009
  • Wherever You Are — ноябри 2010
  • Salaam — декабри 2012
  • The Centre — сентябри 2014
  • Songs of the Way — январи 2015
  • Barakah — феврали 2016

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]