Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Соқӣ Султонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Соқӣ Султонзода
Соқӣ Аслон Султонзода
Таърихи таваллуд 8 январи 1983(1983-01-08) (43 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа, филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ дотсент - 2018, профессор - 2023
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2005)
Роҳбари илмӣ Академик Мусо Диноршоев
Ҷоизаҳо Медали Хизмати шоиста Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соқӣ Аслон Султонзода (Султонов Соқибой Аслонбоевич - 8 январи1983 деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ) — файласуф, филолог, забоншинос, тарҷумон - номзади илмҳои фалсафа (2012), доктори илмҳои фалсафа (2020), профессор (2023). Дорандаи мукофоти давлатии медали Хизмати шоиста, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соқӣ Султонзода хатмкардаи шуъбаи забони франсавӣ, факултети филологияи романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2005), ассистенти кафедраи забони франсавии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2005-2007), аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи фалсафа донишгоҳ (2007-2009). Солҳои 2010-2011 магистранти Донишгоҳи Париж-8, дар Фаронса буда, рисолаи номзадиро дар мавзуи “Ибни Сино дар суннатҳои фалсафии Фаронса» дифоъ намудааст (2012). Мудири кафедраи забони франсавии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2012-2015). Солҳои 2015-2016 ба ҳайси декани факултети забонҳои романӣ-германӣ ва аз соли 2017 ба сифати мудири кафедраи забони франсавӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Рисолаи докториро мавзуи «Масъалаҳои материя ва атрибутҳои он дар фалсафаи Ибни Сино» ҳимоя намудааст (2020). Ҳамзамон ӯ аз соли 2014 раисии ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон-Фаронса»-ро дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бар уҳда дорад. Борҳо барои таҳсилу такмили ихтисос ва иштироку суханронӣ дар конефенсияю форумҳои байналмилалӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик сафарҳо анҷом додааст. Асару мақолаҳояш дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Фаронса, Олмон, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғ. ба нашр расидаанд. Бо медали Хизмати шоиста, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯйхати асарҳо ва корҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ-методиии Соқӣ Султонзода беш аз 100 номгӯйро ташкил медиҳанд. Муаллифи 6 монография, 8 дастури таълимӣ-методӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Номбурда дар таҳқиқоти фалсафии худ бештар таъсири фалсафаи тоҷикро ба фалсафаи асримиёнагии Аврупо ва давраҳои минбаъда қоил шуда, ҳамзамон ба таҳқиқоти файласуфон ва шарқшиносони аврупоӣ, хусусан фаронсавӣ дар бораи фалсафаи тоҷик ва мусулмон баҳои танқидӣ медиҳад. Вай дар асару мақолаҳояш бештар таъсири Ибни Сино, Абубакри Розӣ, Форобӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Берунӣ, Мавлоно Ҷалолиддин, Шамси Табрезӣ ва дигаронро ба афкори фалсафию илмии аврупоӣ мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷониби дигар саҳми файласуфон ва шарқшиносонӣ аврупоиро дар хусуси таҳқиқи осори мутафаккирони номбурда ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Дар асарҳои филолгияш бошад ба масъалаҳои забоншиносии муқоисавӣ, истилоҳшиносӣ, робитаҳои адабӣ ва тарҷумашиносӣ таваҷҷуҳ намудааст. Дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба тарҷумаи осори бадеии нависандагони Фаронса ба забони тоҷикӣ, ҳамчунин тарҷумаи осори илмии донишмандони фаронсавӣ ба тоҷикӣ ва баръакс машғул аст.

  • Фалсафаи тоҷик дар Фаронса. - Душанбе, 2021. - 264 с.;
  • Проблема материи и её атрибутов в философии Ибн Сины. - Душанбе, 2019. - 316 с.;
  • Грамматикаи забони франсавӣ. Дастури таълимӣ. – Душанбе, 2018. - 123 с.; (Дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷумаев Т.)
  • Философия Авиценни (Ибн Сини) во Франции. - Саарбрюккен, 2015. - 184 с.;
  • Avicenne (Ibn Sina) chez les philosophes français. Editions universitaires européennes, 2014. -108 p.;
  • Ибн Сина в философской традиции Франции. - Душанбе, 2013. - 188 с.;
  • Саромадон ва дастпарварони забону фарҳанги кишварҳои Гёте ва Гюго. - Душанбе, 2021. – 173 с. (Дар ҳаммуаллифӣ бо Сайфуллоев Х., Ғиёсов Ф.);
  • Фалсафа. Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои зинаи бакалавриати забонҳои аврупоӣ. – Душанбе, 2024. – 236 с.
  • Забони модарӣ ва худшиносии миллӣ. - Душанбе, 2025. - 168 с.;
  • Андешаҳои Жан-Жак Руссо ва Аҳмади Дониш роҷеъ ба оила. - Душанбе, 2024. - 168 с. (Дар ҳаммуаллифӣ бо Каримов Қ.);
  • Таърихи Фаронса. Дастури таълимӣ. - Душанбе, 2025. - 160 с.;
  • Донишномаи Фаронса. - Душанбе, 2025. - 452 с.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ