Стивен Грей
Таърихи таваллуд | декабри 1666 |
---|---|
Зодгоҳ |
|
Таърихи даргузашт | 7 феврал 1736[1] (69 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | кимиё ва физик |
Ҷойҳои кор | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Стивен Грей (англ. Stephen Gray; декабри 1666, Кентерберӣ, Кент — 7 феврал 1736[1], Лондон) — физикдони бритониёӣ.
Стивен Грей соли 1729 ҳодисаи интиқоли ҷараёни электрро кашф намуда, нишон дод, ки ҷараёни электрӣ аз як ҷисм ба ҷисми дигар бо ёрии сими филиззӣ ва ё ноқили дигар интиқол меёбад. Стивен Грей дар асоси таҷриба исбот кард, ки замин (хок) ҷараёни электриро намегузаронад. Стивен Грей ҳамаи ҷисмҳоро ба гурӯҳи ноқил ва ғайриноқили электрӣ ҷудо кард ва исбот намуд, ки заряди барқӣ, одатан, дар сатҳи ҷисм тақсим мешавад. Солҳои 1731-32 Стивен Грей барои таҷрибаҳои натиҷабахш бо медали Копли ‒ ҷоизаи олии Ҷамъияти шоҳии Лондон сарфароз гардид. Таҷрибаҳои Стивен Грейро Франсуа Дюфе ва Бенҷамин Франклин идома дода, барои татбиқи онҳо дар амалия таҳқиқот анҷом додаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грей Стивен // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.