Jump to content

Стив Ҷобс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Стив Чобс)
Стив Ҷобс
англ. Steve Jobs
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Стивен Пол Ҷобс (англ. Steven Paul Jobs)
Таърихи таваллуд 24 феврал 1955(1955-02-24)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 октябр 2011(2011-10-05)[4][5][2][…] (56 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ  ИМА
Пеша корофарин, ихтироъкор, тарроҳ, муҳандиси роёна, таҳиякунандаи иҷроӣ, таҳиякунандаи филм, сармоядор
Падар хунӣ:
Абдулфаттоҳ «Ҷон» Ҷандалӣ (тав. 1931)
падархонд:
Пол Рейнголд Ҷобс (1922—1993)
Модар хунӣ:
Ҷоан Кэрол Шибле (тав. 1932)
модархонд:
Клара Ҷобс (Агопян) (1924—1986)
Ҳамсар Laurene Powell Jobs[d][6]
Фарзанд Lisa Brennan-Jobs[d][7][8], Reed Paul[d][9][10], Erin Sienna[d][11][12] ва Eve Jobs[d][11][13]
Ҷоизаҳо
Имзо
Вебгоҳ apple.com/stevejo…(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Стивен Пол Ҷобс (англ. Steven Paul «Steve» Jobs; 24 феврал 1955, Сан-Франсиско, Калифорния5 октябри 2011, Пало-Алто, Санта-Клара, Калифорния) — соҳибкори амрикоӣ, ихтироъкор ва тарроҳии саноатии амрикоӣ ҳамчун пионер (пешкисвати) соҳаи технологияҳои иттилоотӣ эътироф карда мешавад[14]. Яке аз асосгузорон, раиси шӯрои директорон ва Мудир омили корпоратсияи Apple ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин аз муассисон, раиси шӯрои директорон ва Мудир омили киностудияи Pixar мебошад.Дар охири солҳои 70-ум, Стив Ҷобс ва дӯсташ Стив Возняк яке аз аввалин компютерҳои фардиро сохтанд, ки дорои иқтидори бузурги тиҷорӣ буданд. Компютери Apple II аввалин маҳсулоти оммавии Apple гардид, ки бо ташаббуси Стив Ҷобс сохта шудааст. Баъдтар Ҷобс иқтидори тиҷории GUI-и мушро мушоҳида кард, ки боиси пайдоиши компютерҳои Apple Lisa ва пас аз як сол, Macintosh (Mac) гардиданд.Пас аз аз даст додани талошҳо барои роҳбарии Шӯрои директорони ширкат Apple дар соли 1985, Ҷобс Apple-ро тарк кард ва NeXT-ро таъсис дод, ки платформаи компютериро барои донишгоҳҳо ва корхонаҳо таҳия мекард. Соли 1986 вай бахши графикаи компютерии ширкати киноcозии Lucasfilm-ро ба даст оварда онро ба Pixar Studios мубаддал кард. Ӯ мудир омил ва саҳмдори асосии ширкати Пиксер то замони ба даст овардани студия аз ҷониби ширкати Волт Дисней дар соли 2006 боқӣ монд, ки Ҷобсро ба бузургтарин саҳмдор ва узви раёсати шӯрои директорони ширкати мазкур табдил дод.Мушкилот дар таҳияи системаи оператсионии нав барои Mac боис шуд, ки Apple NeXT-ро дар соли 1996 харад, то NeXTSTEP-ро ҳамчун Mac OS X истифода барад. Дар доираи як созиш Ҷобс ҳамчун мушовири Apple ба кор қабул карда шуд. То соли 1997, Ҷобс назорати Apple-ро тавассути гирифтани корпоратсия ба даст овард. Таҳти роҳбарии ӯ, ширкат аз муфлисшавӣ наҷот ёфт ва пас аз як сол ба даромад овардан оғоз кард. Дар даҳсолаи оянда, Ҷобс ба рушди iMac, iTunes, iPod, iPhone, iPad ва ҳамчунин ба инкишофи Store, Apple Store, iTunes Store, App Store ва iBookstore замина гузошт. Ин маҳсулот ва хидамот боис шуд ки ширкат, дар солҳои минбаъда низ суди устувори молӣ ба даст овард, ки он Apple-ро дар соли 2011 ба пурарзиштарин ширкати оммавӣ дар ҷаҳон табдил дод. Бисёре аз шореҳон эҳёи Apple-ро ҳамчун яке аз бузургтарин дастовардҳо дар таърихи тиҷорат ном мебаранд. Дар айни замон, Ҷобсро бошад барои услуби авторитарии идоракунӣ, амалҳои бераҳмона нисбат ба рақибон, хоҳиши назорати куллии маҳсулот, ҳатто пас аз фурӯш ба харидор зери танқид қарор медиҳанд. Ҷобс дар соҳаи технология ва саноати мусиқӣ таъсири зиёде дорад ки ин боис шуд то вай сазовори эътирофи умум ва як қатор мукофотҳо гардад. Ӯро аксар вақт "рӯъёбин (визионер)" ва ҳатто "падари инқилоби рақамӣ" ном мебаранд. Ҷобс нотиқи моҳире буд ва презентатсияҳои инноватсионии маҳсулотро ҳамеша дар сатҳи нав ва ба ҳамагон пешниҳод мекард.

Стивен Пол Ҷобс 24 феврали соли 1955 таваллуд шудааст. Падару модари ӯ донишҷӯёне издивоҷнокарда буданд. Абдулфаттоҳ (Ҷон) Ҷандалӣ зодаи Сурия ва Ҷоан Шибл муҳоҷирзодаи олмонии католике буд. Ҷоан аспиранти Донишгоҳи Висконсин буд, ки Ҷандалӣ, дар он ҷо ба ҳайси ёвари омӯзгор фаъолият мекард. Азбаски хешовандони Ҷоан ба муносибати онҳо эътироз доштанд ва падари ӯ, ки дар бистари марг буд, ҳатто таҳдид мекард, ки ӯро аз мерос маҳрум мекунад. Ҷандалӣ вай барои таваллуд кардани кудак ба назди табиби хусусӣ дар Сан-Франсиско меравад, ва сипас кӯдаки навзодро назди ӯ мегузорад, то онро ба фарзандӣ супорад. Кӯдакро Пол Ҷобс ва Клара Ҷобс (аз амрикоиҳои арманитабор) ба фарзандӣ қаблу карданд, чунки онҳо натавонистанд, фразандони худро ба дунё оваранд.[15] Фарзандхондашонро онҳо Стивен ном ниҳоданд.Модари Ҷоан мехост ки фаразандашро ба онҳое диҳад ки дорои маълумоти олӣ бошанд. Азбаски Клара донишҷӯи колеҷ буд ва Пол дар мактаби миёна мехонд, ба онҳо имкон даст дод ки ӯро танҳо баъд аз пешниҳоди санади тааҳуди харҷи пардохти ҳаққи таҳсили донишгоҳии Стивен ба модараш он ба санади фарзандхондӣ имзо гузошт.[15] Ҷобс ҳамеша Пол ва Клараро падар ва модари худ меҳисобид, агар касе онҳоро волидони нотанияш меномид, ӯ ба хашм меомад: Ӯ ҳамеша таъкид мекард:-"Онҳо 100% волидони воқеии ман ҳастанд." Тибқи қоидаҳои фарзандхондии расмӣ, волидони биологӣ дар бораи ҷои будубоши фарзандашон чизе намедонистанд ва Стив тавонист, ки танҳо пас аз 31 сол бо модар ва хоҳари хурдиаш во хӯрад[16]. Вақте ки Стив дусола буд, Ҷобс Патти ном духтареро ба фарзандӣ қабул кард ва пас аз се сол оилаи онҳо аз Сан-Франсиско ба Маунтин Вю Mountain View, кӯч мебанданд. Пол механики мошин буд ва дар ширкати молияви CIT кор мекард.Дар гаражи оилавӣ ӯ мошинҳои кӯҳнаро барои фурӯш таъмир ва омода мекард, то барои таҳсили Стив пул ҷамъ оварад ва ӯҳдадориҳояшро дар назди волидайни биологии Стив иҷро кунад. Павел инчунин кӯшиш кард, ки дар дили писараш муҳаббат ба касби механики парвариш диҳад[17].Ин машғулият ба Стив маъқул нашуд, аммо тавассути мошинҳо падараш ӯро бо асосҳои электроника ошно кард. Онҳо якҷоя радиоприёмникҳо ва телевизорҳоро ҷудову васл мекарданд, дар натиҷа, Стив ба инҳошавқ пайдо кард[18].Клара Ҷобс ба ҳайси муҳосиб дар ширкати Varian Associates кор мекард — яке аз аввалин ширкатҳои технологии баланд, ки баъдтар ба ҳаати ширкатҳои водии Силиконӣ табдил ёфт.Модараш ба Стив кумак кард,то пеш аз он ки ба мактаб равад хонданро аз худ кунад.[19]

Даврони мактабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кори мактаб бо формализми худ Стивро ноумед мекард. Муаллимони синфҳои ибтидоии Мона Лома ӯро ҳамчун як масхарабоз тавсиф мекарданд ва танҳо як муаллим, хонум Ҳилл тавонист, ки дар шогирдаш қобилиятҳои барҷастаи худро бубинад ва ба ӯ муносибати наздик пайдо кунад. Вақте ки Стив дар синфи чорум мехонд, хонум Ҳилл ба ӯ барои он ки нағх таҳсил кунад "пора" дар шакли ширинӣ, пул ва маҷмӯаи DIY медод ва бад-ин васила ӯро ба донишандӯзӣ ҳавасманд мекард. Ин амалҳо зуд самара доданд: дере нагузашта Стив бидуни тақвият ба омӯзиши боҷуръатона шурӯъ кард ва дар охири соли хониш имтиҳонҳоро ба дараҷаи олӣ супорид, ки мудир пешниҳод кард, то ӯро аз синфи чорум фавран ба синфи ҳафтум гузаронанд. Дар натиҷа, бо қарори волидонаш Стив ба синфи шашум, яъне ба мактаби миёна дохил карда шуд. Ин мактаб дар Криттенден, дар чанд маҳалла аз Мона Лома поинтар, вале дар ноҳияи тамоман дигари ҷиноӣ ҷойгир буд. Ҳам дар кӯча ва ҳам дар худи мактаб авбошон ба Ҷобс ҳамла мекарданд. Пас аз як сол, Стив аз волидони худ қатъан талаб хоҳтш кард, ки то ӯро ба мактаби дигар гузаронанд. Оилаи онҳо маҷбур шуд, ки бо пасандозҳои охирини худ дар минтақаи муносибтаре дар ҷануби Лос-Алтос хона харад[20]. Ҷобс минбаъд дар мактаби миёна ва мактаби кӯҳнаи Homestead дар Cupertino таҳсил мекард. Пас аз кӯчидани оилаашон, падараш дар шаҳраки ҳамсояи Санта Клара дар маркази ояндаи водии Силиконӣ, дар ширкати Spectra-Physics , ки ба истеҳсоли лазер машғул буд, ба ҳайси механик ба кор даромад[21]. Стив бо муҳандис Ларри Лэнг, ки дар ҳамсоягии хонаи пешинаи Ҷобс зиндагӣ мекард, ҳамсуҳбат мешавад. Лэнг Стивро ба бошгоҳи илмиву пажӯҳишии Hewlett-Packard меоварад. "Ба синф муҳандисе ворид шуд, ки аз ким кадом лабораторие даъват карда буданднд, вай ҳоло бо чӣ кор машғул буданашро ба ҳозирин гуфт", баъдтар ба ёд меовард Ҷобс. Дар ин ҷо Стив бори аввал компютери шахсии (ҳисобкунаки барномарезишуда) HP 9100A-ро дид, ки ба ӯ таассуроти бузурге бахшид. Аъзоёни маҳфил дар доираи лоиҳаҳои илмии худ кор мекарданд ва Стив қарор дод, ки ҳисобкунаки басомади рақамидоштаеро созад. Ҳангоме ки мехост инро созад ӯ ба қисмҳои истеҳсолкардаи ширкати Ҳелветт Паккард ниёз дошд, бе ҳеч дудилагӣ Стиви сездаҳсола ба раиси ин ширкат Билл Ҳюлет занг зад. Ин занг боси шуд, ки ӯ соҳиби қисмҳои мавриди ниёзаш гарадад ва илова бар ин бо даъвати Ҳюлет пас аз хатми соли аввал дар Homestead дар қисми васлу насби ширкати Ҳелветт кор кунад. Ин кор юоси шуд ки ҳасодати баъзе аз рафиқонашро ба вуҷуд орад, ҳамчунин ӯ пас аз соле баъд аз тақсими рӯзномаҳо тавонист, ки дар анбори ширкати Haltek ба кор шурӯъ кунад[22]. Ҳангоме ки Стив Ҷобс понзадаҳсола шуд ӯ алакй соҳиби мошини шахсии худ шуда буд, ки дар хариди он падараш ба ӯ кумаки молӣ карда буд. Пол Ҷобс бошад инчунин ба мошин як муҳаррики MG насб кард.Пас аз як сол, Стив каме бештар пул ҷамъ карда ва тавонист ин мошинро ба мошини сурхи тамғаи Fiat 850 Coupé иваз кунад.Ҳамзамон, Стив Ҷобс ба муошират бо ҳиппӣ, гӯш кардани мусиқиҳои Боб Дилан ва Битлз ва тамоку кашидану истифодаи LSD (маводҳои нимасинтетикӣ) шурӯъ кард, ки он муддати боиси низоъ байни ӯ ва падараш шуд[23].Стив Ҷобс бо ҳамсинфи худ Билл Фернандес, ки ба электроника шавқи беандоза дошт, дӯст мешавад. Фернандес бошад Стив Ҷобсро бо хатмкунандае ки аз ҳад зиёд ба истифодаи компютер муътамад буд, ва ӯро"нобиға" -и ҳақиқии мактаб Стивен Возняк (маъруф ба "Воз")меномиданд, ошно мекунад. Возняке аз Ҷобс панҷ сол калонтар буд[24]. Соли 1969 Фернанднс ва Воз ба ҷамъоварии компютере оғоз карданд ва онро ба Стив нишон доданд. Ҳамин тавр Стив Ҷобс ва Стив Возняк дӯстони самимӣ шуданд:

{{Мо бо ӯ дар роҳрави Хонаи Билл ино нишаста дурудароз суҳбат мекардем. Дар бораи дастгоҳҳои сохтаамон ва бозиҳоямон гап мезадем. Эҳсос мекардам, ки мо бисёр чизҳои ба ҳам муштарак дорем. Агар мехостам дар бораи ҳама нозукиҳои электроника ба мардум нақл кунам, мушкилӣ мекашидам, аммо ба Ҷобс на. Ин рафтори Ҷобс фарван писандам афтод[25]}}

Ҷобс ва Возняк наворҳои Боб Диланро ҷамъ оварданд, мусиқӣ ва намоишҳои саргармкунандаро дар мактаб бозиҳои гуногун роҳандозӣ карданд.

Зиндагии шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фарзанди аввали Стив Лиза Бреннон Ҷобс буд ки модраш аввалин дӯсти дӯсти ҷидди Ҷобс буд.Лиза вақте дар соли 1987 ба дунё омад Сстив ва хонумаш Лиза Крисан Бернан ҳанӯз издивоҷ накарда буданд.Аввалҳо барои як чанд муддате Ҷобс падари Лиза буданашро инкор мекард вале баъдҳо онро ҷабул кард. Моҳи марти соли 1991 бошад Стив Ҷобс бо донишҷӯи риштаи MBA-донишгоҳи Стэнфорд Лорен Пол ки 27 сола буд издивоҷ кард. Дар ин издивоҷ онҳо соҳиби се фарзанд шуданд. Тазкиранависон аз ҷума Алан Доутсичман ки асари бозагашти дубораи Стив Ҷобсро навиштааст дар бораи муносибатҳои маҳрамонаи ӯ бо Ҷон Боир чунин менависад:

"Ман чунин бовар дорам ки ҷобс фақат ба ин хотир ошиқи Бори шудааст, ки ин зан замоне маъшуқаи Боб Дилан будааст." Баъзе аз навсиандагони шарҳи ҳоли Ҷобс тахмин мезананд ки мумкин буд ӯ бо он хонум издивоҷ карда бошад вале Боир ки 41 сола буд аз имкон дур буд ки аз Ҷобс фарзандор шавад.Аз машҳуртарин нависандагони зиндагиномаи стив Ҷобс Волтер Айзексон мебошад ки соли 2006 худи Стив Ҷобс ба ӯ тамос гирфта хоҳиши навиштани зиндагиномаашро мекунад ва Айзексон бошад дар аввал онро қабул намекунад.Айзексон мегӯяд ки як ду даҳсола пас аз он ки бознишаста шудед ин корро анҷом медиҳем.Аммо билохира пас аз гуфтугӯе ки бо Ҷобс  ҳамсараш Лорен дошт саранҷом Айзексон ин масъулиятро пазируфт. Ӯ ба навиштани зиндагии Ҷобс шурӯъ кард. ИН зиндагинома аз 40 гуфутугӯи Ҷобс бо Айзексон иборат мебошад ва ҳамчунин ӯ бо зиёда 100 наздикону рафиқон ва раҷибони зиёди Ҷобс мусоҳиба анҷом додааст.Пас, Аз марги Стив Ҷобс Айзексон тасмим гирифт, то китобро пеш аз мавъидаш ба чоп расонад.

Мувофиқи маълумот ӯ як гиёҳхур (вегетариан) буд, мвофиқи иттилои ББС ӯ ҳиппӣ низ буд.Ӯ як донишҷӯи муйбаланд ва саркашу илҳомбахш ва дори идеяҳои аҷиб буд, ки аз коллеҷ хорид шуда буд Ӯ ба Ҷон Скалли мудиромили пешин ширкати Эппл дар бораи кӯтоҳии умргуфта буд:

Ҳамаи мо замон ва фурсати кӯтоҳе рӯи замин дорем.Барои ҳамин мо фақат фурсат дорем ки як ё ду корро ба анҷом расонем.Ҳеч кас намедонад чи қадар зиндагӣ мекунад. Ман ҳам намедонам. Аммо эҳсос мекунам ки бояд то ҷавонӣ ҳаст ҳарчи қадар ки метавонам ин фикрҳоро ба анҷом расонам.

Соли 2005дар донишгоҳи Стэнфорд ӯ чунин гуфта буд: Ҳамин ки фикр мекунам ба зудӣ мемирам муҳимтарин воситаест ки кумакам мекунад то беҳтарин вариантро интихоб кунам. Ҷобс аз тарафдорони гурӯҳи мусиқии The Beatles буд ки дар мусоҳибае онро модли тиҷоратияш номида буд.

  1. Isaacson W. Steve Jobs — 1 — Simon & Schuster, 2011. — С. 3. — ISBN 978-1-4516-4853-9
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. Levy S. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. http://apnews.excite.com/article/20111011/D9Q9T1D00.html
  5. Isaacson W. Steve Jobs — 1 — Simon & Schuster, 2011. — С. 575. — ISBN 978-1-4516-4853-9
  6. https://www.townandcountrymag.com/society/money-and-power/g13733977/laurene-powell-jobs-facts/
  7. The Sydney Morning Herald (ингл.)Sydney: Fairfax Media, 1831. — ISSN 0312-6315
  8. The Sydney Morning Herald (ингл.)Sydney: Fairfax Media, 1831. — ISSN 0312-6315
  9. Google Books(бис.) — 2005.
  10. The New York Times (ингл.) / J. KahnManhattan: New York Times Company, A. G. Sulzberger, 1851. — ed. size: 443000 — ISSN 0362-4331; 1553-8095; 1542-667X
  11. 11.0 11.1 https://books.google.com/books?id=mXnw5tM8QRwC&pg=PA81&hl=de#v=onepage&q&f=false
  12. Business Insider (ингл.) / H. BlodgetNYC: 2007.
  13. Business Insider (ингл.) / H. BlodgetNYC: 2007.
  14. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи https://lemelson.mit.edu/ ворид нашудааст
  15. 15.0 15.1 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон У. Стив Джобс = Steve Jobs: A Biography. — М.: Астрель, 2012. — 688 с. — ISBN 978-5-271-39378-5. ворид нашудааст
  16. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон, 2012, с. 26. ворид нашудааст
  17. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон, 2012, с. 28. ворид нашудааст
  18. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Steve Jobs: Early Life. Biography. A+E Television Networks, LLC. Дата обращения: 28 марта 2012. Архивировано 24 июня 2012 года. ворид нашудааст
  19. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон,2012, с.35 ворид нашудааст
  20. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон, 2012, с. 37. ворид нашудааст
  21. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон, 2012, с. 38. ворид нашудааст
  22. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон У стр ворид нашудааст
  23. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон с 42 ворид нашудааст
  24. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Айзексон, 2012,с. 45 ворид нашудааст
  25. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Возняк, 2012, с. 83 ворид нашудааст