Страбон
юн.-қад. Στράβων | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 63 то м.[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | на пештар аз 21 и на дертар аз 24 |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | ҷуғрофиё |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Страбон (юн.-қад. Στράβων; тақрибан 63 то м.[1], Amasia[d], Kingdom of Pontus[d][2][1] — на пештар аз 21 и на дертар аз 24, Amasia[d], Имперотурии Рум[d]) — ҷуғрофиёдон, муаррихи Юнони Бостон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба Осиёи Хурд, Итолиё ва Миср сафар кардааст. «Қайдҳои таърихӣ» ва «Ҷуғрофиё» аз осори ӯст. «Қайдҳои таърихӣ» боқӣ намондааст. «Ҷуғрофиё» аз 17 китоб иборат буда, доир ба Испониё, Галлия, Бритониё, Итолё (китобҳои 3—6), Европаи Шарқӣ ва Шимолӣ, шимоли Балкан, Юнон (7—10), шимолу шарқи назди баҳри Сиёҳ, Осиёи Хурд (11—44), Ҳиндустон, Байналнаҳрайн ва Арабистон (15—17) маълумот медиҳад. Страбон дар бораи таърихи қадими аҷдоди тоҷикон, аз он ҷумла задухӯрдҳои байни Куруш ва массагетҳо, муомилоти пул дар байни масагетҳо, Юнону Бохтар, шӯришҳои халқӣ, вилоятҳои алоҳидаи Осиёи Миёна (хусусан Марғиён) ва ғайра низ хабар медиҳад. «Ҷуғрофия» асари нахустин оид ба географияи таърихӣ буда, манбаи муҳимест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Strabo (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 25. — P. 973.
- ↑ 2.0 2.1 Любкер Ф. Strabo (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. Рубинский — СПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 1317—1318.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Страбон // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).