Субҳи ҷавонии мо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Субҳи ҷавонии мо

«Субҳи ҷавонии мо» — қиссаи тарҷумаи ҳолӣ буда, соли 1954 ба табъ расидааст. Сотим Улуғзода анъанаи ёддоштнависии адабиёти тоҷик, аз ҷумла “Ёддоштҳо” -и С. Айнӣ-ро, идома додааст. Қисса аз 57 боб иборат аст ва дар он воқеъаҳое тасвир гардидаанд, ки солҳои 1916—1926 дар деҳоти атрофи шаҳри Тӯси вилояти Намангон ва шаҳри Тошканд ба вуқӯъ омадаанд.

Мундариҷаи мухтасар[вироиш]

Мундариҷаи асар дар атрофи як оилаи деҳқони тоҷик (Умархон бо ҳамсараш ва писарҳояшон — Азиз, Собир ва Мухтор) баҳс мекунад. Ҷараёни воқеа аз номи Собири хурдсол, ки таҷассуми даврони кӯдакии нависанда мебошад, баён мегардад. Панҷ боби аввали қисса зиндагии оилаи Умархонро дар деҳа дар бар мегирад. Собир дар аввал дар хусуси деҳа, падар ва модари худ ва лаҳзаҳои беғами кӯдакӣ ҳикоя мекунад. Шароити танги зиндагӣ ва махсусан хушксолию гуруснагии соли 1918 Умархонро маҷбур месозад, ки ба Тошканд кӯч бандад ва ба заводи пахта ба кор дарояд. Собир дар бобҳои «Ба завод», «Дӯстони нав», «Лаклак», «Насиҳати падар», «Фаранҷӣ», «Рӯшноии ҳаёти нав» дар бораи шароити мусоиди зиндагӣ ва дӯстиву рафоқаташон ба ҳамсояҳои русзабони худ бо муҳаббату самимияти хос сухан меронад. Вале ин зиндагии осудаҳолонаи онҳо ҳамагӣ дуюним сол давом мекунаду халос. Модари Собир ногоҳ бемор шуда вафот мекунад. Падар ҳамроҳи Собиру Мухтор ба деҳа мекӯчад. Баъди чанде ба дидорбинии Азиз ба Тошканд рафта барнамегардад. Собир ҳолати худро аз шунидани хабари вафоти падару бародараш дар боби «Ятимӣ» чунин баён карда аст: «Шабро зор — зор гириста саҳар кардам. Барои он, ки Мухтор аз хоб бедор нашавад, сарамро ба кӯрпа печонда бе садо мегиристам. Саргузаштҳои умри ёздаҳсолаам ба ёдам омаданд…» Дар бобҳои манбаъдаи асар Собир дар мактаби Мулло Зайниддин, чанд муддат дар мактаби нави деҳа ва баъд дар интернати шаҳри Тӯс таҳсили илм мекунад. Соли 1925 Собир чун талабаи пешқадам ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд роҳхат мегирад. Дар чанд боби минбаъдаи «Субҳи ҷавонии мо» таҳсили Собир дар Дорулмуаллимин тасвир ёфтааст. Аз ҷумла дар боби «Халқи худро шинос» Собир таассуроти худро аз сӯҳбати профессори рус Михаил Степанович Андреев, ки бо лаҳҷаи софи тоҷикӣ «ассалому алайкум, бачаҳо!» гӯён ба синф даромада буд, баён месозад: «Олими рус, ки нахустин бор ба ман „халқи худро шинос“ карда буд, як умр дар хотири ман монд». Собир айёми таътил ба деҳа меравад ва чанд муддат ба Мухтор ҳамроҳӣ карда, боз аз паи таҳсил дар Дорулмуаллимин мешавад.

Дар повести «Субҳи ҷавонии мо» шахсияти зӯрманд дар роҳи таҳаввули худ боз як қадам пеш рафт. Ин пешрафт аз ҳамин иборат буд, ки хислатҳои маънавню халқии он боз аниқтар шуд. Акнун Умархон на фақат деҳқони асил ва паҳлавони кавиҷусса буда, дили софи беғубор дорад, балки дар маънавияти ӯ панду ҳикмат зиёдтар таъкид гардида, ақлу хиради халқ як андоза инъикос ёфтааст.

Таасурот аз асар[вироиш]

Қодиршои Мурувват аз: Бишкек, Қирғизистон| 14.10.2012 14:47 — Радиои Озодӣ

Садсолагии адиби барҷастаи миллатро ба ҳамаи ҳаммиллатон табрик мегуям. Устоди бузург Сотим Улуғзода дар ҳақиқат шоистагии онро дорад, ки мо имрузиён барояш арҷ гузорем. Дар ин росто пешниҳоди устод Саттор Турсунро қобили дастгири мешуморам ва бояд давлатмардони Тоҷикистон барои ин абармарди фарҳангу адаб муҷассамаи сазоворе гузоранд. Ба ақидаи банда гузоштани муҷассама дар назди донишгоҳе, ки номи устод Улуғзодаро дорад ба мантиқ дуруст меояд. Ман дар айёми наврасӣ повести устод « Субҳи чавонии мо»-ро хондаам ва бовар кунед то имруз таҳти таъсири ин навишта қарор дорам. Ва сарнавишти каҳрамонони ин асар дар шаклгирии раванди зиндагии банда бетаъсир набудаанд. Ба ақидаи ман осор ва шахсияти устод Улуғзода дар таърихи фарҳанги тоҷикон бо ҳарфхои заррин сабт шудааст ва насб кардани муҷассамаи ӯ дар Душанбешаҳр ба зебогӣ ва шаҳомати пойтахт ҳусни тоза зам хоҳад кард. Устод Улуғзода бо он зоҳири зебо ва ориёии худ бояд дар хотираи ҳамватанон боқӣ монад ва будани ҳамчунин муҷассамаи нависандаи бузург ба мафиати кор аст.[1]

Манбаъ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]